Намоядагони Шпаркассен Финансгруппи Олмон аз «Амонатбонк» боздид намуданд

Апрель 26, 2019 10:37

ДУШАНБЕ, 26.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкорӣ гурӯҳи кории Фонди хазинаҳои амонатгузор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ — Шпаркассен Финансгруппи Олмон аз Бонки давлатии  амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» боздид намуданд.

Тавре аз Бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар вохӯрӣ раиси раёсати  БДА «Амонатбонк»  Сироҷиддин Икромӣ  доир ба  ҳамкории судманд ва дастовардҳои назарраси дуҷонибаи «Амонатбонк» бо Фонди хазинаҳои амонатгузор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки  фаъолияти феълии «Амонатбонк» ба фаъолият ва хизматрасониҳои Фонди хазинаҳои амонатгузор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ шабеҳ аст.

Мусаллам аст,  ки аз ҷониби кормандон ва гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони фонди мазкур дар донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳо ва дигар муассисаву ташкилотҳои  ҷумҳурӣ бо иштироки донишҷӯён, толибилмон, нафақахӯрон ва мизоҷон машваратҳои таълимию тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки чунин вохӯрию суҳбатҳо дар қавӣ гардонидани ҳамкорӣ  бо аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии мардум саҳми босазо доранд.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда  изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Апрель 26, 2019 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад