Риояи меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ — яке аз омилҳои муҳими ҷалби сайёҳон
ДУШАНБЕ, 27.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Шуъбаи рушди сайёҳии вилояти Суғд ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Риояи меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон» семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии минтақа, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаву ошхонаҳо, ронандагони таксиҳо ва донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ иштирок намуданд.
Дар кори чорабинӣ масъалаҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақл, бехатарии сайёҳон дар минтақаҳои душворгузар, дар ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми истироҳати экстремалии (ғайриоддӣ) сайёҳон, ҳангоми вохӯрдан бо ҳайвонҳои хавфнок, бехатарии фаъолияти муассисаҳои сайёҳӣ, бехатарии ҷанбаҳои тиббӣ, бехатарии туризми воридотӣ ва содиротӣ, тавсияҳо оид ба бехатарӣ ба сайёҳони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамчунин иштирокчиёни чорабинӣ аз як қатор мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Панҷакент, аз ҷумла мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро ва хонамузейи Лоиқ Шералӣ дидан намуданд.
Дар интиҳо иштирокдорони семинар зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд намудани сатҳи фаҳмиши ҷомеа оид ба афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ ва тараққӣ ёфтани соҳаи сайёҳии минтақа, инчунин ҳавасманд гардонидани соҳибкорон ба рушди сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки шаҳри Панҷакент дорои табиати афсункор ва мавзеъҳои таърихии зиёд буда, яке аз беҳтарин мавзеъҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Минтақаи мазур барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва этногарфӣ, инчунин сайёҳии экологӣ мусоид аст. Мавҷудияти яке аз маконҳои таърихӣ — Саразм, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст, диққати сайёҳонро ба худ бештар ҷалб месозад.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи сайёҳии Тоҷикистон тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ ба даҳгонаҳои беҳтарини кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, аз рўи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштааст.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






