Сафири Амрико аз Бонки миллии Тоҷикистон боздид намуд

Апрель 30, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 30.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершейм бо мақсади шиносоӣ бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат аз Бонки миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо муовини аввали раиси Бонк Ҷамолидин Нуралиев мулоқот анҷом дод.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҷамолиддин Нуралиев ба Сафири Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷон Марк Поммершейм оид ба вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, сиёсати монетарӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, низоми бонкӣ ва ислоҳоти дар ин самт татбиқшаванда, беҳ гардидани вазъи низоми бонкӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, кам шудани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ маълумоти муфассал манзур намуд. Ҷ.Нуралиев масъалаи барқарор кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои кишвар дар бонкҳои хориҷӣ, рушди бозори суғурта дар кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва дастрасии молиявӣ ба аҳолиро, ки бо Департаменти хазинадории ИМА муҳокима мешавад, бори дигар мавриди таваҷҷуҳи сафири ИМА қарор дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории мутақобилаи судманд дар рушди иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии кишвар ҳарф зада, дар хусуси лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, аз қабили «САSA – 1000» ва саҳми ИМА дар татбиқи минбаъдаи он, лоиҳаи НБО «Роғун» ва аҳамияти минтақавии он табодули назар карданд.

Сафири  Амрико Ҷон Марк Поммершейм барои тақвияти ҳамкории судманд изҳори ҳавасмандӣ намуда, зикр кард, ки ҷонибдори суботи иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Дипломати амрикоӣ бо боварӣ иброз дошт, ки ислоҳоти татбиқшаванда дар ояндаи дарозмуҳлат самараи худро хоҳад дод ва Сафорати ИМА барои ҳамкорӣ дар самти масоили иқтисодӣ омодагии хешро баён медорад.

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз таваҷҷуҳи Амрико ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон, махсусан Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон арзи сипос намуд.

Апрель 30, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид