Сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт Давлатбӣ Ёдгорова ғолиби озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ» гардид

Апрель 13, 2019 09:46

ДУШАНБЕ, 13.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин армуғони сайёҳӣ» баргузор гардид.   Давлатбӣ Ёдгорова аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт соҳиби ҷои аввал ва ғолиби  озмун дониста шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, озмуни мазкур бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021, бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ  доир  гардид.

Озмуни мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ, пайдо намудани ҳунармандони асил ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур ҳунармандон аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва ташкилотҳои махсус иштирок намуда, сазовори мақоми дувум Афзал Давлатов аз ноҳия Исмоили Сомонӣ ва ҷойи сеюм Суҳроб Саидов аз ноҳияи Синои пойтахт гардиданд. Ҳамчунин дар фарҷоми озмун ба ғолибон ва иштирокчиён туҳфаҳои пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Апрель 13, 2019 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт