Суғд: озмуни «Олими сол-2018» ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни «Олими сол-2018» дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ҷамъбаст ва ғолибони он муайян гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар бахши илмҳои гуманитарӣ номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик Субҳонҷон Аъзамов ва дар бахши илмҳои дақиқ доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи технология ва методикаи таълимӣ Абдулатиф Азизов сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.
Ҳамчунин Хайрулло Сабуров, Ваҳҳоб Набиев, Қамариддин Тӯхлаев, Дилбар Раҳмонова, Дилбар Тоҷибоева мақомҳои дуввумро дар бахши илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ишғол намуда, ҷойҳои ифтихорӣ насиби Абдусалом Абдуқодиров, Мамадраҳим Исмоилов, Толибҷон Хабилов, Абдуманнон Одинаев, Анисахон Ёқубова, Додахон Ғуфронов гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода изҳори умед намуд, ки минбаъд низ олимон бо пешниҳоду андешаҳои тоза, баёну баррасии самтҳои афзалиятноки маърифат барои рушди самтҳои Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд.
Ғолибони озмун бо медал, диплом ва мукофоти пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






