ТОҶИКИСТОН – ДАР ҶОДАИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ. Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба натиҷаҳои нахустин

Апрель 3, 2019 10:01

ДУШАНБЕ, 03.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон дар самти роҳ ба сӯи кишвари саноатӣ ва  молсодироткунанда   қадамҳои устувор мегузорад. Танҳо соли сипаригардидаи 2018 корхонаҳои истеҳсоли сементи  Тоҷикистон 3,8 млн. тонна семент истеҳсол карда, ба хориҷи  мамлакат зиёда аз 1,4 миллион тонна  ин намуд маҳсулот содирот намудаанд. Ин раванд  аз рушди бемайлони бахши саноат ва бунёди корхонаҳои тавлидкунанда, хусусан корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла семент машғуланд, шаҳодат медиҳад», — тазаккур додааст дар шарҳи худ хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.

 

Иқтисоди Тоҷикистон саноатӣ кунонида мешавад

Бо назардошти рушди саноат ва аз кишвари аграрӣ ба давлати индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони кишвар саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми  стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  эълон  карданд. Мусаллам аст, ки саноат яке аз соҳаҳои муҳимтарини  иқтисодиёти кишвар буда,  пешрафти  ин соҳа омили рушди дигар соҳаҳои иқтисодӣ  мегардад.

Сардори шуъбаи маркетинг ва ояндабинии Маркази таҳқиқоти инноватсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурҷон Расулов дар ин маврид чунин мегӯяд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи саноатикунонии мамлакат эътибори ҷиддӣ медиҳад. Соли 2017 дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» қабул карда шуд, ки тибқи он ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд  андешида шуданд. Ба тамоми вазорату идораҳои соҳавӣ  ва ҳукуматҳои маҳаллӣ супориш дода шудааст, ки барои амалӣ гардонидани нуктаҳои ин қонун тадбирҳои мушаххас  ва манфиатбахш андешанд».

Содироти беш аз 1,4 миллион тонна семент ба хориҷа

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон чанд сол муқаддам сементро аз хориҷи кишвар, хусусан аз Покистон ворид менамуд. Кишвари мо тӯли  солҳои охир ба яке аз кишварҳои истеҳсолкунандаи асосӣ ва содиркунандаи маҳсулоти бинокории минтақа табдил  гардид. Дар радифи аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани  воридоти техника ва технологияи саноатӣ барои бунёди корхонаҳои  замонавӣ дар минтақаҳои  гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон, Ваҳдат, Варзоб ноҳияҳои вилояти Суғд  корхонаҳои истеҳсоли семент бунёд  ва таҷдид  шуданд. Танҳо дар зарфи соли 2018 дар  Тоҷикистон  ҳудуди 3,8 миллион тонна семент истеҳсол шуд, ки аз он бештар аз 1,4 миллион тонна семент ба кишварҳои хориҷӣ,  аз ҷумла ба Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот карда шуд.

Саҳми минтақаҳои  озоди иқтисодӣ дар рушди саноатикунонӣ

Ҳамзамон  фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар /МОИ/, назири «Суғд», «Данғара», «Ишкошим»  ва «Панҷ» дар  рушди саноатикунонии ҷумҳурӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нақши муассир мегузорад, зеро дар онҳо бунёди бисёр корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Масалан, дар МОИ  «Данғара» сохтмони корхонаи коркарди нафт идома дошта, интизор  меравад, ки соли равон ба истифода дода  шавад. Дар МОИ «Суғд», ки яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии фаъоли  кишварамон маҳсуб меёбад, соли гузашта бештар аз 100 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Барои ҳамкорӣ  лоиҳаҳои зиёде ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар  ҳамкорӣ бо  Ӯзбекистон корхонаи истеҳсоли трансформатор бунёд мегардад.

Ҳамзамон  Ғафурҷон Расулов афзуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бои канданиҳои фоиданок буда, дар мавриди  истихроҷи онҳо ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор андохтани корхонаҳои бузурги саноатӣ  бахши саноати мамлакат метавонад бо суръати баланд рушд ёбад. Яке аз чунин конҳои маъдан- кони «Кончоч»,  воқеъ дар ноҳияи Айнӣ мебошад, ки интизор меравад соли 2020 истихроҷи тилло  дар ин кон ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон бо ин қариб 1500 ҷои корӣ фароҳам оварда шуда, то 1,5 тонна тилло  истеҳсол хоҳад гардид.

Ташкили 150 ҳазор ҷойи корӣ дар истеҳсолот дар соли 2018

Мусаллам аст, ки бунёд  ва ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ,  истеҳсоли маҳсулот, истихроҷи маъданҳо, бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба рушди саноатикунонӣ дар кишвар мусоидат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои навсозӣ ва бунёди корхонаҳои  нав  саъю талош намуда,  имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода менамояд. Дар се соли гузашта ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар Маҷмӯи маҳсуоти дохилӣ /ММД/ -и мамлакат аз 15,2 то 17,2% афзоиш ёфт. Танҳо соли 2017 дар ҳаҷми  5  миллиард сомонӣ маҳсулоти  саноатӣ зиёд шуд. Соли 2018  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 23872,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки суръати рушд 11,8 фоизро ташкил медиҳад. Беш аз 3,7 миллиард сомонӣ   маҳсулоти саноатӣ  афзуда, ҳиссаи    саноат дар ММД афзоиш  ёфт ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла,  соли гузашта дар кишвар ҳудуди 150 ҳазор ҷойи кор  ташкил гардид. Бо назардошти ба шуғли муайян таъмин намудани аҳолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ сол аз сол ҷойҳои кории доимӣ ташкил менамояд, зеро даромаднокӣ ва фоиданокии корхонаҳои мавсимӣ нисбат ба корхонаҳои саноатии доимӣ камтар мебошад.

Дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат соҳаи саноат бо суръати баланд  рушд  намуд. Соли 2018 рушди саноат дар вилояти Суғд 7,1 фоиз, вилояти Хатлон 10,5 фоиз, ВМКБ 17,1 фоиз, шаҳри Душанбе 18,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 27,5 фоизро ташкил дод.

Тоҷикистон дар оянда ба Осиёи Ҷанубӣ трактор  содирот   мекунад

Ҳамгироие, ки  дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил идома дорад, барои рушди саноат  дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта  байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 54 Созишнома   дар ҷараёни сафари Сарварони ду давлат ба қишварҳои ҳамдигар ба имзо расиданд. Инчунин  байни ширкатҳо дар шаҳрҳои  Душанбе ва Тошканд қарордодҳо баста шуданд

Корхонаи муштараки «Тоҷикистон –Беларус» дар шаҳри Ҳисор, ки тракторҳои соҳаи кишоварзӣ истеҳсол мекунад,  ба рушди бахши саноати мамлакат такон мебахшад, зеро аллакай як қисми ин тракторҳо ба баъзе кишварҳои ҳамсоя содир мегарданд. Дар оянда Тоҷикистон имкон пайдо менамояд, ки тракторҳои истеҳсолгардидаро ба дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ низ содирот намояд. Инчунин се корхонаи саноатие, ки дар Ёвон бунёд гардидаанд ва дар онҳо криолит ва дигар маводи кимиёвӣ истеҳсол мешаванд,   маҳсулоти як қисмаш дар дохили мамлакат ва бархеи дигараш ба хориҷи кишвар содирот мегарданд-, мегӯяд коршиноси масоили иқтисодӣ.

Ин дар ҳолест, ки кишварамон танҳо дар зарфи соли 2018  ҳудуди  7 миллион доллар маводи кимёвӣ ба кишварҳои хориҷӣ содирот намудааст. 37,3 фоизи ҳиссаи содиротии мамлакатро маъданҳо ташкил медиҳанд.

Бо дарназардошти  рушди саноат сохтори содиротии мамлакат сол то сол  тағйир  меёбад. Агар  солҳои  қаблӣ  дар кишварамон  бештар алюминий ва пахта истеҳсол ва  содирот  мешуд, зарфи  солҳои  охир  беш аз  37 фоизи  ҳиссаи  содиротии  Тоҷикистонро  маъданҳо  ташкил  медиҳанд. Аз ҷумла, соли сипаригардида  Тоҷикистон ба  Қазоқистон  ба маблағи 316 миллион доллари  амрикоӣ  маъданҳои  мис  ва  рӯҳ  ва ба Ӯзбекистон ба андозаи 33 миллион доллар  маъданҳо  содирот  кардааст.

Бо  тавсеаи корхонаҳои  коркарди  нахи пахта  ва  нассоҷӣ дар кишвар, назири   корхонаи  ресандагии  «Данғара Чунтай  техтайл»    ва дигар корхонаҳо  истеҳсоли маҳсулоти   ниҳоӣ  афзун мегардад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  пешниҳод гардидааст, ки тамоми нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ коркард гардад. Дар ин замина бояд ба бунёди корхонаҳои коркарди нахи пахта таваҷҷуҳ бештар дода шуда, авлавият  ба коркарди ниҳоии пахта дар кишвар равона гардад, зеро ашёи хоми пахтаро  бо нархи пасттар ва маҳсулоти тайёри онро бо нархи баланд ба хориҷи кишвар содирот бояд кард.

Тоҷикистон яке аз 6 кишвари тавлидкунандаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза

Татбиқи ҳадафи чоруми   Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон-саноатикунонии мамлакатро бидуни рушди соҳаи энергетика, ки яке аз бахшҳои бузурги  иқтисодиёти ҷумҳуриамонро ташкил медиҳад, тасаввур кардан ғайримкон аст. Зеро соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои  афзалиятноки  иқтисодиёти Тоҷикистон дар бахши саноатикунонии мамлакат маҳсуб меёбад. Ин дар ҳолест,   ки   моҳи ноябри  соли 2018 агрегати  нахустини НБО  «Роғун» ба  кор   андохта   шуд.  Барои  сохтмони ин иншооти   бузурги   аср соли 2018  3 миллиарду 900 миллион сомонӣ  сарф  гардид. Интизор  меравад, ки соли равон  барои  бунёди  НБО «Роғун»  4 миллиард сомонӣ   равона  гардад. НБО «Роғун» иншооти  муҳим ва бузурги аср дар таърихи   Тоҷикистони   муосир    маҳсуб   ёфта, бо  баландии  сарбанди    худ   дар ҷаҳон   беназир  аст  ва ба рушди иқтисоди  Тоҷикистон нақши  муассир  мегузорад. Ба кор  даровардани  чархаи   нахустини  НБО «Роғун»  дар ҳолест, ки  соли 2018 дар кишвар19,7  миллиард кВт  соат   неруи   барқ   истеҳсол   гардид, ки ин омор соли 2030 ба 45 миллиард кВт соат   расонида   хоҳад   шуд. Алҳол ба ҳар сари аҳолӣ дар  Тоҷикистон 2 ҳазор кВт соат    неруи  барқ  рост меояд  ва соли 2030 он ба 4 ҳазор кВт соат  баробар  мегардад. Тоҷикистон  ҳоло дар байни   шаш  кишвари тавлидкунандаи  неруи  барқи аз лиҳози  экологӣ тоза қарор дорад ва бо сохтмони НБО «Роғун» Тоҷикистон  имкон дорад, ки дар зинаи дуюм қарор гирад.

Дар минтақа бозори  бузурги фурӯши  барқ  — «CASARAM»   таъсис   дода   мешавад

Дар соҳаи гидроэнергетика,  ки яке аз соҳаҳои ниҳоят муҳими иқтисодиёти кишвар аст, татбиқи  тарҳи минтақавии  муштараки  «CASA -1000», ки соли 2021 бояд ба истифода дода шавад, ҷараён дорад.  Тоҷикистон имкон дорад ҳар  сол то 3 миллиард кВт соат  неруи барқ ба кишварҳои  хориҷӣ  содир  намояд ва ин раванд ба густариши иқтидори содиротии  кишвар  замина   фароҳам  меорад.  Инчунин дар назар аст, ки дар минтақа як бозори  бузурги фурӯши  барқ бо  номи    «CASARAM»   таъсис   дода   шавад, ки  тавассути он неруи   барқи Тоҷикистон ба кишварҳои   Осиёи   Марказӣ, Осиёи   Ҷанубӣ ва дар оянда ба Осиёи  Шарқӣ  содирот карда мешавад. Ҳамзамон   ҷалби   сармояи  хориҷӣ ба соҳаи  саноат,  энергетика хеле  муҳим  буда, бисёр  кишварҳо  пешрафти  Тоҷикистонро   эҳсос    мекунанд. Аз ҷумла, даҳ  кишвар ва  созмонҳои   байналмилаӣ   изҳор   доштанд, ки дар бундёи «CASA-1000»  саҳм   мегузоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин тарҳ дар оянда ба манфиати   аҳолӣ  ва  иқтисодиёти  давлатҳои  минтақа  аст.

Бидуни  истифодаи технологияи  нав ва инноватсионӣ  пешрафти  Тоҷикистонро  таъмин кардан ғайриимкон  аст, афзуд   коршинос.  Ҳиссаи   саноати кишвар алҳол дар ММД  17,2 фоизро  ташкил  медиҳад,  он соли 2030 ба 22 фоиз   мерасад.  Таҷрибаи   ҷаҳонӣ   бозгӯи он аст, ки давлатҳое  пешрафта   мегарданд, ки дар онҳо  саноат   рушд  ёфта бошад,  маҳсулоти  ниҳоӣ  ва  дорои  арзиши  иловашудаи  зиёд  истеҳсол   намоянд. Агар  мо  бештар  технологияҳои  муосир ворид   намуда, корхонаҳои  саноатиро ба  роҳ монем, бароямон ба манфиат  аст. Дар ҷумҳурӣ  пардохти  андозҳо  ба таври электронӣ ба роҳ   монда шуда, имтиёзҳои   нав  барои  ҷалби  сармогузорони  хориҷӣ  пешниҳод мегарданд. Инчунин ба қонунҳои   амалкунанда  тағйиру  иловаҳо  ворид карда мешаванд. Ин ба сармоягузорон   сабукиҳо   оварда,  ба рушди  саноати  мамлакат мусоидат  менамояд. Хамзамон Тоҷикистон дар радифи  кишварҳои пешрафтаи  минтақа мавқеъ  пайдо  менамояд. Мусаллам   аст, ки  ин раванд ба амалӣ  гардонидани  ҳадафи  чоруми   стратегии Ҳукумати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва аз кишвари  аграрӣ ба давлати индустриалӣ  табдил  додани мамлакат мусоидат   менамояд.

                                                             Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

Апрель 3, 2019 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад
Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар зиёда аз 440 ҳазор гектар кишти баҳории зироат мегузаронанд
Дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод дарозтарин пул бунёд мешавад
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Имсол дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳосили картошка фаровон аст
Директори идории ХБА Кристалина Георгиева: «Орзу дорам, ки ормони тоҷикон оид ба пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад»
Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва AIIB-ро барои сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» ба тасвиб расонд
Дар ноҳияи Ҷайҳун 4967 гектар пунбадона бо усули муосир кишт карда шуд
Дар шаҳри Конибодом Форуми таълимии соҳибкории G5 баргузор гардид
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
Дар вилояти Суғд масъалаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ баррасӣ шуд
ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Маҷрои дарёи «Шоҳдара» ба сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» равона карда шуд