«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН!». Таҳти ин унвон миёни донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, озмун эълон гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсили илм доранд, таҳти унвони «Тоҷикистон- Ватани азизи ман!» озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон менамояд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Каримҷон Салимзода хабар дод.
Озмуни мазкур дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, мақсади он муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, дастоварду музаффариятҳо ва талқини худшиносиву худогоҳии ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, мақолаҳои дар озмун пешниҳодшуда бояд фарогири дастоварду пешравиҳои соҳаҳои гуногуни замони соҳибистиқлолии кишвар, тасвири манзараҳои дилрабои Тоҷикистон, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва ифтихор аз обу хоки Тоҷикистон бошанд.
Қабули мақолаҳо то 15 июли соли 2019 муайян шудааст. Мақолаҳои пешниҳоднамудаи довталабон набояд аз 4 саҳифа камтар бошанд.
Ғолибони озмун дар доираи баргузории Анҷумани маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта», ки ҳамасола 12 август доир мегардад, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






