Дар Донишгоҳи омӯзгорӣ саҳми осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералиро дар худогоҳии миллӣ баррасӣ карданд

Май 20, 2019 10:25

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори зодрӯзи шоирони зиндаёд Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ зери унвони «Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар осори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ» конфронси илмиву амалӣ баргузор гардид.

Тавре аз донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс муовини аввали ректори донишгоҳ Саъдӣ Қосимов  роҷеъ ба саҳми ин ду шоири забардасти тоҷик  дар ташаккули худогоҳии миллӣ ва ҳифзи забони модарӣ ибрози андеша намуд. Номбурда аз ҷумла, зикр кард, ки  маҳз бо шарофати адибони бедордиду мубориз раванди худогоҳии миллӣ эҳё шуд ва забони тоҷикӣ мақоми давлатиро дарёфт кард, ки Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар саргаҳи ин ҷараён қарор доштанд.

Ба иттилои манбаъ, «Масъалаҳои худогоҳии миллӣ дар шеъри тоҷикии садаи ХХ дар мисоли ашъори Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ» дар гузориши илмии доктори илмҳои филология, нависанда  Аскар Ҳаким бозтоби густурда ёфт. Номбурда ҷанбаҳои муҳимтарини худогоҳии миллиро дар осори  ин ду бузургмард илман асоснок намуд.

Доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод иброз намуд, ки  Лоиқ Шералӣ дар баъзе ҳолатҳо аз хор гардидану аз анҷуманҳо берун мондани забони тоҷикӣ шикваҳо мекард, маъюс мегардид ва  бо ҳасрат  дарди дили худро дар ашъораш баён менамуд.

«Вижагии осори ба забон бахшидаи Лоиқ дар он зуҳур меёбад, ки ба зимомдорону давлатмардон ва сиёсатмадорони вақт барои эҳёи суннатҳои фаромўшшуда ва ҳифзу тозагии забони модарӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба арҷгузорӣ ба забони ноби тоҷикӣ ва шинохти асолати миллӣ даъват менамояд», — баён дошт Саидмуроди Хоҷазод.

Дар фарҷоми конфронс  донишҷӯён аз ашъори устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ шеъру ғазалҳо  қироат намуданд.

Май 20, 2019 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид