Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Гулчини сурудҳои ватандӯстона» доир гардид

Май 6, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад,  бо ташаббуси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таҳти  сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон 4 майи соли равон  дар Амфитеатри Боғи «Ирам» Фестивали ҷумҳуриявии «Гулчини сурудҳои ватандӯстона» баргузор гардид. Дар фестивали мазкур 1500 нафар сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар Фестивали ҷумҳуриявии «Гулчини сурудҳои ватандӯстона» сарбозони қисмҳои низомӣ ва ҷавонони соҳибистеъдод доир ба Тоҷикистон ва  Ватан сурудҳои ватандӯстона сароида, ҷавонону наврасонро ба  дӯст доштани обу хоки аҷдодӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани  фестивал баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии онҳо мебошад.

Дар хатми барнома ба сарояндагон ва сарбозону ҷавонони боистеъдод аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш туҳфа ва  ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

Май 6, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад