Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Фестивал-озмуни «Маҳорат» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» маросими ҷоизасупории Фестивал — озмуни эҷодиёти бадеии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Маҳорат» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Акрамхоҷа АКБАР хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Иномзода, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, соҳибистеъдодону эҷодкорони ҷавон, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ғолибони озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ, ки таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» доир шуд, иштирок намуданд.
З. Раҳмонзода иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки маҳз бо шарофати таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафт. Номбурда афзуд, ки аз соли 1997 инҷониб 23 май ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
«Мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни мазкур ин амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон, аз ҷумла тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин дастгирӣ аз фаъолияти эҷодиву бадеӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба касбомӯзиву аз бар намудани донишҳои муосир мебошад», — тазаккур дод З. Раҳмонзода.
Мавсуф дар идома афзуд, ки дар доираи Фестивали мазкур Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт як қатор чорабинҳои сиёсиву фарҳангӣ ва аксияву озмунҳоро доир намуд.
«Аз ҷумла, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таълимии пойтахт дар се давр озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҷавонони соҳибкасб — сутуни давлат», маҳфили адабии эҷодкорони наврасону ҷавонон зери унвони «Меваҳои Истиқлол», тамошои намоишномаҳои театрии ахлоқию фарҳангӣ, сайри ҷавонон аз Осорхонаю Китобхонаи миллии Тоҷикистон, саёҳати таърихӣ — фарҳангии фаъолҷавонони ҳизбии пойтахт ба шаҳри Турсунзода, аксияҳои тарғиботию ташвиқотии аёдати собиқадорони ҳизбу меҳнат, дидорбинии ҷавонони имконияташон маҳдуд, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд роҳандозӣ гардиданд», — ёдовар шуд ӯ.
Пас аз расми ифтитоҳ иштирокдорону ғолибони Фестивал ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ бо шоҳҷоизаи Фестивал, планшет, ифтихорномаю сипоснома, стипендияи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон бо мақсади дастгирӣ ва амалӣ намудани ташаббуси навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба 106 нафар хонандагону донишҷӯён ва фаъолҷавонони ҳизбии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон корти нақлиётӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ хотири ҳозиринро болида гардонд.








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






