Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба намоиш оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 3 майи соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифтитоҳ мегардад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид хабар дод, намоиши мазкур то 20 майи соли равон идома ёфта, дар он аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаи аризаҳои пешниҳоднамудаи ихтиёриёни ин ҷанг: Марям Абдуллоева, Сайид Баротов, Солӣ Одилов ва мактубҳои Машраб Ахмедов, Абдусаттор Қодиров, ки аз майдони ҷанг ба хонадони худ навиштаанд, ба маъраз гузошта мешаванд.
Инчунин лавозимоти ҷангӣ, аз қабили сумкаи саҳроии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев, миёнбанди Қаҳрамони Итиҳоди Шӯравӣ Ҳодӣ Кенҷаев, дурбини иштирокчии ҷанг Чароғ Қодиров, обдон ва қутбнамои иштирокчии ҷанг Раҷабалӣ Ҷалилов ба намоиш гузошта хоҳанд шуд. Ордену медалҳои дар намоиш пешниҳодшуда аз далерию матонати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва заҳматҳои фаромӯшнашавандаи меҳнаткашони ақибгоҳ шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 23 адад мусаввараҳои рассомон, ки ба мавзӯи ин ҷанг бахшида шудаанд, пешниҳоди тамошобинон мегарданд. Офаридаҳои рассомон А. А. Қосимов «Гусел», И. Р. Рахнаев «Симои қаҳрамони ҷанг Неъмат Қарабоев», Ю. Н. Сангов «Вохӯрии ғолибон», Ф. А. Салманов «Душман нигоҳ дошта шуд», А. Н. Камелин «Помир дар солҳои ҷанг», А. П. Белетский «Симои София Ниёзова», М. А. Зубреева «Ҷамъоварии туҳфаҳо ба Армияи Сурх, 1944», Н. Н. Никитин «Дуои модар» инъикосгари ин саҳифаи таърихи халқи тоҷик мебошанд.
Инчунин дар намоиш 8 адад аксҳои Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тӯйчӣ Эрҷигитов, Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов, Имоил Ҳамзаалиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Урунбек Яъқубов ва плакатҳои гуногуни марбут ба замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба намоиш гузошта мешаванд.








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






