Дар Тоҷикистон шаклҳои хизматрасонии сайёҳӣ васеъ мегарданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе ҳамоиш оид ба васеъ намудани хизматрасониҳои сайёҳӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои хизматрасонии ташкилоти мазкур ва зерсохторҳои он дар самти сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва зерсохторҳои он, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр намуд, ки зина ба зина васеъ намудани шаклҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон ва баланд бардоштани сатҳу сифати он яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.
Дар ин самт Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои мушаххасеро анҷом дода истодааст. Чорабинии имрӯза низ ба хотири рушду оммавигардонии самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар кишвар, бахусус саёҳатҳои саргузаштӣ нигаронида шудааст.
Ҳамчунин тибқи барномаи ҳамоиш муовини раиси Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Рустамов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Инчунин фаъолият ва имкониятҳои Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар самти сайёҳӣ тариқи рӯнамо муаррифӣ гардиданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз пойгоҳи картингронии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар километри 7-уми ш.Душанбе, намоиши картингронӣ дар пойгоҳ, мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон аз фурудгоҳ- машқгоҳи омодасозии ҷаҳиш аз парашют ва тайёраҳо дидан намуданд.
Тайёраҳои хурди Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барои сафарбар намудани гуруҳи сайёҳон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусоид мебошад.
Сайёҳии саргузаштиро метавон ба ду қисм ҷудо намуд: варзиши саргузаштӣ ва саёҳати саргузаштӣ. Айни замон навъҳои гуногуни саёҳатҳои саргузаштӣ пайдо шудаанд. Аз ҷумла, «Aerostat tourism” (тавассути пуфакҳои ҳавоӣ), ки дар ҳавои кушод гузаронида мешавад ва ба инсон илҳоми тоза, эҳсоси баланд ва хушҳолӣ мебахшад.
Дигар намуди саёҳати саргузаштӣ ин «Bus-bob» аст, ки бо қайиқҳо дар хамии дарёҳои шӯх гузаронида мешавад.
Яке аз намудҳои ғайриодии сайёҳӣ ин “Cars” (тавассути автомобилҳои махсус) дар кӯҳҳо мебошад, ки дар нишебиҳо дар кӯҳу теппаҳо, дар фасли тобистон дар болои алафзор, дар зимистон дар болои барф гузаронида мешавад.
Навъи сайёҳие, ки имрӯзҳо сайёҳон ба он бештар рағбат пайдо намудаанд, «Rafting» мебошад. Ин намуди саёҳат хусусияти варзишӣ дошта, дар дарёҳои кӯҳӣ ба роҳ монда мешавад.
Виндсерфинг низ яке аз намудҳои фаъоли истироҳат ба ҳисоб рафта, дар ҳавз, баҳр ё кӯл гузаронида мешавад. Хоҳишмандони чунин саёҳат дар ҷумҳурии мо низ кам нестанд. Онҳо дар кӯлҳои минтақаи Бадахшон бештар ба ин навъи истироҳат машғул мешаванд.
Дар ин замина, бо ҷалби бахши хусусӣ ва соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардидааст, дар мавзеъҳои кӯҳию дарёдор, ки барои сайёҳон ҷолиби диққат аст, инфрасохтори аввалиндараҷа бунёд гардида истодааст.
Аз сабаби он, ки қисмати бештари кишварро кӯҳҳои сарбафалак ташкил медиҳанд, ин омил барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб буда, сайр намудан дар чунин мавзеъҳо дар бозори чаҳонии сайёҳӣ афзалиятҳои бештареро касб намудааст.
Ҷумҳурии Точикистон, ки дорои захираҳои бойи табиӣ ва мероси ғании таърихию фарҳангиро доро мебошад, имкон фароҳам меорад, ки он ба бозори байналмиллалии сайёҳӣ ворид шуда, ба тараққиёти бемайлони сайёҳӣ ноил гардад.
Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ ташрифи сайёҳон ба ҷумҳурӣ тадриҷан афзоиш ёфта, дар чор моҳи соли 2019 325000 нафарро ташкил намуд.













НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд






