«ДАР ЁД ДОРЕМ ВА ИФТИХОР МЕКУНЕМ!». Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафтанд

Май 9, 2019 14:17

ДУШАНБЕ, 09.05.2019./АМИТ «Ховар»/.  Намояндагон ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафтанд. Онҳо нақлу  ҳикояти ҷанговарони собиқро дар бораи корномаҳояшон бо диққат ва эҳтиром шунида, изҳор доштанд: «Мо қаҳрамонию диловариҳои шуморо дар ҷабҳаҳои ҷангу меҳнат дар солҳои 1941-1945  ва солҳои баъдиҷангӣ ҳамеша дар ёд ва бо шумо ифтихор хоҳем дошт».

Дирӯз  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба 74-умин солгарди ҷашни Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чун анъана иқдоми хайриявиро анҷом доданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхӯҷа Азизов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Фирдавсӣ Сафаралӣ Нурмуҳаммадов  ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки сокинони ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд, ташриф оварданд.

Зоир Раҳмонзода  аз вазъи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат пурсон гардида, онҳоро бо ҷашни таърихиву фархунда табрик кард ва орзуи сиҳатмандиву дарозумрии онҳоро намуд.

Ҳамзамон ба иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои моддию молиявӣ ва маводи озуқаворӣ расонида шуд.

Дар навбати худ иштирокчиёни  ҷанг ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосаву пайваста нисбат ба иштирокчиёну собиқадолрони ҷангу меҳнат,  ятимону бепарасторон ва ҷиҳати тавсеаву густариши раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ бо самимияти беандоза ва эҳтироми хоса изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуда, дуои нек доданд.

***

Дирӯз ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён   ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод. Мавсуф нахуст ба аёдати як гурӯҳ собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба муносибати фарорасии 74-солагии Ғалаба табрик гуфт ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.


Собиқадорон бо шукргузорӣ аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуроии  Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тинҷиву осоиштагии кишвари соҳибистиқлол ба Матлубахон Сатториён изҳори сипос намуданд.
Матлубахон Сатториён бо лоиҳаи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ шинос гардида, бо ҳамроҳии Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ва дигар фаъолони ҳизб санги асоси бинои мазкур ва нома ба наслҳои ояндаро гузошт.

Зимни сӯҳбат бо вакилони маҷлиси ноҳиявӣ, собиқадорон, раисони ташкилоти ибтидоӣ ва дигар аъзои ҳизб, ки дар ин маросими таърихӣ иштирок доштанд, Матлубахон Сатториён аз ғамхорию таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва саҳм гузоштан дар рушди устувори кишвар ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ туҳфаи хубест ба 25-солагии ҳизб ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Лозим ба ёдоварист, ки бинои мазкур тибқи лоиҳа аз 2 ошёна, 5 ҳуҷраи корӣ ва 1 маҷлисгоҳ иборат буда, маблағи бунёди лоиҳавии он 500 ҳазор сомониро  ташкил мекунад. Бинои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва фаъолони ҳизб бунёд гардида, дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирад.

Баъд аз анҷоми гузоштани санги асос ва сӯҳбату вохӯрӣ бо фаъолон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон мулоқоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо фаъолони ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор шуд.

Матлубахон Саттториён зимни суханронӣ оид ба таърихи пуршарафи ҲХДТ   ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли бисту панҷ соли фаъолияти шоиставу пурсамари худ ба ҳизби маҳбуби халқу ҷомеа табдил ёфта, таҳти сарварии  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи нуктаҳои оинномавию барномавии худ  дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ва таъмини саодату хушбахтии сокинони он саҳми бузург мегузорад. Мавсуф  иброз дошт, ки яке аз бахшҳои муҳими Барномаи ҲХДТ «Дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ» унвон дорад. Дар Барномаи мазкур аз ҷумла зикр шудааст: «Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор дода мешавад.
«ҲХДТ минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷӯҳ карда, барои амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо кӯшиш менамояд ва тавассути намояндагони худ аз тариқи мақомоти қонунгузор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқиро таҳия мекунад», —  изҳор намуд  М. Сатториён.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода низ дар тақвияти суханони Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд изҳор дошт, ки пайвастан ба сафи аъзои ҳизбе, ки роҳбарии онро бевосита абармарди таърихи муосири Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд, мояи ифтихору шараф аст.
Зимни музокира Саидҷаъфар Азизов – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Зуҳурбек Зуҳуров – омӯзгори МТМУ №6 ва Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов – иштирокчии ҶБВ ҷавононро ба донишомӯзию ватандӯстӣ ва иҷрои қарзи фарзандии худ – хизмат ба Ватан даъват карданд.
Дар охири чорабинӣ ба як гурӯҳ ҷавонон, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза дода буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба 10 нафар фаъолон Сипосномаҳо супурда шуданд. Ҳамчунин, ба варзишгари ҷавон Кристина Пронженко, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар дар давидан рекорди миллӣ гузошта буд, тӯҳфаи махсуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд супурда шуд. Ба иштирокчии ҶБВ Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов низ тӯҳфаи хотиравии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим гардид.

Май 9, 2019 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент