ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. «Он ҷашни хушбахтӣ, ишқ ва вафодорист»,-мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло

Май 15, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии оила, ки 15 моҳи май ҷашн гирифта мешавад, соли 1993 аз ҷониби СММ таъсис дода шуда буд. Таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои оила дар замони  имрӯза, дар замони аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ  ва суннатҳои никоҳ сабаби пайдоиши он гардид. Ин ҷашни хушбахтӣ, ишқ ва вафодорист.

Эҳсоси наздикӣ бо ҳамдигар, нишоти меҳри волидайн, эътимоду бовар ба дастгирии онҳоро кӯдак бори аввал дар оила таҷриба мекунад. Маҳз дар оила ӯ муносибат кардан бо одамон, мушоҳида карда тавонистани хубиву зебоиҳо, ворид шудан ба асрори офаринишро меомӯзад. Вазифаи асосии оила – бахшидани ҳаёт ба кӯдакон, таъмини кӯдакии пурнишот, таълимоти шоиста ва бунёди таҳкурсии мустаҳкам барои ҳаёти мустақилонаи минбаъда ва бад-ин тариқ расонидани кумак ва мусоидат ба пойдор будан дар олами мураккаби муносибатҳои инсонист. Бинобар ҳамин хеле муҳим аст, ки оила бо ҳам дӯст ва мустаҳкам бошад.

Ҷудошавии оилаҳо мушкили рӯз ва ҷомеа

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо мушкилие рӯ ба рӯ омадааст, ки вобаста ба ноустувории ақди никоҳ буда, ҷудошавии оилаҳост. Мутаассифона, ин падида имрӯз ба ҷумҳурии мо низ таҳдид мекунад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, соли 2018 танҳо дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз 7721 оилаи нав бунёдгардида дар як муддати кӯтоҳ 1777-тои он аз ҳам пош хӯрдаанд, ки хеле шигифтангез аст. Бубинед, зуд ва бо сарсемагӣ бо хости худ ва ба тариқи худ оила бунёд кардани ҷавонон ва ба ҳамин зудӣ аз ҳам ҷудо гардиданашон хоси зиндагии имрӯз ва ҳамин чанд соли охир аст. Чунин падида дар замонҳои начандон дури пешин  кам ба назар мерасид  ва ҳатто пош хӯрдани як оилаи ҷавон фоҷиа ё падидаи номатлуб ва ҳатто шигифтангези  ҷомеа маҳсуб меёфт.  Аммо имрӯз ҷудошавии оилаҳои ҷавон касеро ба ҳайрат намеорад. Ин як ҳодисаи муқаррарарӣ гардида, ҷомеа ба он одат кардааст. Албатта, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан миллати куҳанбунёди мо, ки  фарҳанги ғанӣ ва ибратомӯзи оиладории худро доштааст,  ин падида сахт изтиробангез аст. Агар  оила, чунонки мегӯянд, асоси ҷомеа бошад ва ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замонҳо бар он бунёд ёбад, чиро метавон интизор шуд, агар ин падидаи номатлуб ба ин тариқ сол то сол афзудан гирад? Оё рахнаҳо дар бунёди ин муқаддасоти инсонӣ, яъне оила ба фоҷиаҳои шигифтангез, яъне халалдор кардану садама расонидан ба асоси бунёди ҷомеа намеорад, ки аз он фоҷиаҳои дигари рӯзу рӯзгорро метавон интизор шуд? Яъне вақти он аст, ки ҷомеаи инсонӣ, хусусан мо, тоҷикон, ки ҳамеша такя ба суннатҳои волои таърихӣ ва миллии худ доштаем, аз ин хусус ба андеша равем. Пас ибрози андеша ва муҳокимарониҳо имрӯз дар ин мавзӯъ аз аҳамият холӣ нестанд, зеро моро ҳушдор аз оқибатҳои номатлубе медиҳанд, ки фардо метавонанд боиси на фақат пошхӯрии оилаҳо, балки худи ҷомеа шаванд.

Вобаста ба ин мавзӯъ зуҳуроти дигаре ҳам сабаби изтиробҳо гардидааст. Як падидаи дигари ҷомеаи имрӯза ин аст, ки имрӯз одамон дер, яъне  баъд аз расидан ба синни калонсолӣ оила бунёд мекунанд.  Зеро мехоҳанд аввал маълумот ба даст оварда, соҳиби касбу кор шаванду мустақилияти иқтисодӣ ба даст оранд. Баъд, хеле дер соҳиби фарзанд мешаванд. Баъзеҳо бинобар сабаби надоштани имконияти таъмини кӯдак ҳатто намехоҳанд фарзанд дошта бошанд.. Бисёриҳо танҳо бо як кӯдак қаноат мекунанд ва дар андешаи афзудани хонавода нестанд. Издивоҷҳои гражданӣ, яъне бе қайди қонунӣ, бо гурез аз масъулиятҳои оилавӣ зистан хеле зиёд шудаанд. Аз чунин зуҳурот аксар кӯдакон азоб мекашанд. Инҳо ҳама масъалаҳое ҳастанд, ки пажӯҳиш ва дахолати фаврии ҷомеаро талаб доранд.

Оила чист? Маънои оила чист?

Воқеан, маънои оила чист? Дар замони мо оила чӣ нақш дорад? Биёед, ин мафҳумро каме шарҳ бидиҳем.

Инсон як ҷисми зинда аст. Ҷисме, ки талаботи зиёди худро дорад. Монанди дигар ҷонварон мо низ маҷбурем ғизо ба даст орем, манзил ҷӯем ва насли худро идома бахшем.

Аммо бо тафриқа аз аксари ҷонварон одамон сомеъаи тез, чанголҳои гиро ва рангҳое, ки чун ниқоб барояшон хизмат кунанд, надоранд. Ҷамоаҳо–гурӯҳҳои нахустини  одамони ибтидоӣ дар якҷоягӣ метавонистанд нисбат ба алоҳидагӣбештар ғизо ба даст оранд. Онҳо бо ҳам риштаҳои хешутаборӣ баста, теъдодашонро зиёд намуда, бехатарии худро аз даррандагон таъмин менамуданд, то насли худро тараққӣ диҳанд.

Оила ба инсоният имкон фароҳам овард, то мавқеи худро дар дунё муайян созад. Зиндагии ҷамъиятӣ талаботи нави зиёдеро дар муҳаббат, тарбият ва муносибатҳои гарми инсонӣ тавлид кард.

Ҳарчанд дар байни инсони имрӯзӣ ва одами содаи ибтидоӣ миллионҳо сол фосила вуҷуд дорад, баъзе хислатҳо бетағйир мондаанд. Аз ҷумла, дар ҳолатҳои нигаронӣ ва дармондагиҳои шигифтангезу сахт мо ба наздикон, ба хонавода муроҷиат мекунем. Метавон гуфт, ки тамоми ҷомеаи инсонӣ дар оила тавлид ёфтааст.  Пас оила чист? Оила таҳкурсии бунёди зиндагии солим ва мураттаби инсонист; кафолати тартиб, низом, қонун ва рушду пешрафти ҷомеа; кафолати хушбахтӣ, бехатарӣ ва дилпурӣ, яъне як  зуҳуроти муқаддасест, ки ояндаи ҷамъият ва инсонҳоро неру ва бовар мебахшад.

“Аз ҳама муҳимтарин дар дунё оила аст, — гуфтааст Ҷони Депп. – Агар шумо оила надоред, шумо ҳеҷ чиз надоред. Оила аз ҳама қавитарин пайванди тамоми ҳаёти мост”.

Суннатҳои оиладории миллати куҳанбунёд

Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ,  хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд.  Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу расолати худро дошта, дар ин мавзӯъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд. Кофист, ки мо танҳо панду андарз ва таълимоти дидактикии адибони номвари гузаштаи худро мисол орем, ки самтҳои мухталифи одобу таълимро пайгирӣ карда, дар бунёд ва таълими оиладорӣ саҳми бузург доранд.

Дар “Кобуснома”- и Унсурулмаолии Кайковус боби хосса “Андар шинохти ҳаққи падару модар” меояд, ки дар он аз хусуси арҷгузорӣ ва эҳтиром ба волидайн, ки асоси бунёди оила ҳастанд, сухан меравад. Дар китоби безаволи “Гулистон” –и Шайх Саъдии Шерозӣ низ бобҳое алоҳида, чун “Дар таъсири тарбият ва сирату ахлоқу фазилати инсонӣ”, “Дар ишқ ва ҷавонӣ” ва “Заъфу пирӣ” омадаанд, ки ҳама ҳадафи тарбиявӣ дошта, барои бунёди ҷомеа ва оилаҳои солим мусоидат мекунанд. “Футувватномаи султонӣ” – и Ҳусайн Воизи Кошифӣ як кодекси ахлоқу одоби баланди инсонист, ки таълимоти ҷавонмардиро комилан рӯи дафтар овардааст. Ва ин таълимоти баланди инсонпарваронаи гузаштагони мо дар ҷаҳон, хусусан дар Аврупо бо номи Ритсарство машҳур ва паҳн гаштааст, ки намунаи барҷастаи одоби ҷавонмардӣ гардида,  онҳое, ки  ба ин ирқа, яъне ҷавонмардон мансуб шудаанд, худро аз табақаи баланду поксиришти ҷомеа мешинохтанд. Метавон гуфт, дар илму адаби классикии мо адибе нест, ки саҳме дар бунёди таълимоти тарбиявӣ, ки ҳадафаш бунёди ҷомеа ва хонаводаҳои солим аст, нагузошта бошад. Ин маърифат дар таърихи илм ва фарҳанги миллии гузаштагони мо то ҷое расидааст, ки ҳатто ишқ, ки мо имрӯз дар ин истилоҳ мутаассифона, танҳо як падидаи сабуки нафсониву шаҳвониро мефаҳмем, ба мафҳум ва меъёри баланди фалсафӣ ва инсоншиносӣ табдил ёфтааст.

Аммо имрӯз то куҷо мо аз ин таълимот истифода мебарем ва чӣ бардоштҳои муфид аз он кардаем, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас ва муҳити солими оилаҳо таъсири нек дошта бошанд?

Банда дар мақолаи дигар бахшида ба ақди никоҳ оид ба масъалаҳи муҳими имрӯзи оиладорӣ ибрози андеша карда будам. Далелҳое, ки дар боло овардем, яъне пошхӯрии теъдоди хеле зиёди оилаҳои ҷавон имрӯз бояд мо ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандии моро ба андеша андозанд. Оё зиёд шудани пошхӯрии оилаҳо маҳсули издивоҷҳои беандешаву саросема ва ҳосили бемасъулиятии падару модарон дар мавриди интихоби ҳамсар аз ҷониби фарзандон нест? Чунки  ҷавонон он таҷрибаи кофиро надоранд, ки дар ин ҷода қадамҳои бехато гузоранд. Пас воқеан дар ин маврид масъулияти падару модар ва ҷомеа нақши тақдирсоз мебозанд. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва андешидани тадбирҳои махсуси дигар иқдоми бисёр бамаврид ва саривақтист, аммо муҳимтар аз он, риоя ва амалӣ сохтани ин қонун мебошад.

Баррасӣ ва таҳқиқи солимонаи ин мавзӯи хеле ҷиддии ҷомеаи имрӯзии мо, пеш аз ҳама, вазифаи ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони рӯз аст. Аммо  гузориши мо дар пешниҳоди масъалаи мазкур ва ёдовар шудан аз паҳлуҳои гуногуни он барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа беаҳамият нахоҳад буд, зеро солимии оила, нигоҳ доштани суннатҳои наҷиби оиладорӣ, пеш аз ҳама, аз худи мо вобастагӣ дорад.

Мафҳумҳои оила

Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи  ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолиятҳои дигари оиларо фаро намегирем.

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф  аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо  пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд.

Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули  ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Маҳз бар ин мафумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки  баҳогузории тараққиёт ва пешрафти кишвар некӯаҳволии оила мебошад. Расолати асосии оила метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои хоссаи инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.

Таъсиси Рӯзи ҷаҳонии оила аз ҷониби СММ беҳуда нест. Ба андешаи СММ, вақте ки ҳуқуқҳои як оила осеб мебинанду вайрон карда мешаванд, ин таҳдид ба ягонагии оилавии тамоми ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро ҳар оила мансуби он аст. Оила ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва зинаи аввали ҷомеаи инсонӣ ба тарзи худ ба талаботи замон  ва ҷомеа ҷавоб гуфта, худ онҳоро шакл дода, дар якҷоягӣ бо олами атроф пеш меравад ё коҳиш меёбад.

Таъсиси иди мазкур, яъне Рӯзи байналмилалии оила  ҷавобгӯ ба  изтиробҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ҳолатест, ки оилаҳои муосир  ба он гирифторанд.

Албатта, пажӯҳиши илмии мавзӯи оила корест масъулиятнок ва ҷиддӣ, ки дахолати коршиносон, олимон ва мутахассисони башариро тақозо дорад. Дар поён мо чанд андеша ва пешниҳодро манзури хонандагон мегардонем, ки шояд барои оилаҳо, хусусан навхонадорон муфид бошанд.

Даҳ асрори мустаҳкамшавии оила

Одатан, вақте ки аз гузорандагони тӯйи тиллоӣ мепурсанд: “Сирри хушбахтии шумо дар чист?”, соҳибҷашнҳо дар ҷавоб мушкилӣ мекашанд. Зеро гуфта наметавонанд, ки хушбахтии онҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Мушкилоти хонаводагӣ, душвориҳову муқовиматҳои ҳаёт ҳамеша вуҷуд доранд.  Аммо неруе буд, ки онҳоро аз ҳама мушкилот гузаронд. Дар асл барои он ки оила қавӣ ва дӯст бошад, тифоқии онро самимона хостан ва барои он кӯшидан зарур  аст. Ҳеҷ кас ба ҷои мо муносибатҳои моро наметавонад гарм нигоҳ дорад, барои ин бояд пайваста алоқаҳои эҳсосӣ ва самимияти байниҳамдигариро ривоҷ дод, бояд кӯшишҳо ба кор бурд, тадбирҳо андешид. Сол ба сол ҳамдигарро бояд беҳтар омӯхт ва агар ин кор сурат нагирад, он гоҳ муносибатҳо нодуруст инкишоф меёбанд, аммо ислоҳи онҳо ҳамеша бамаврид аст.

  1. Муҳаббататонро пинҳон накунед, ошкоро ибрози эҳсос намоед. Ба рафиқи ҳаётиатон шунидани ин суханҳо гуворо хоҳад буд, ки шумо ӯро дӯст медоред. Ҳатто агар муҳаббати шумо, бидуни ин ҳам ошкоро маълум бошад, ба баёни пайвастаи он коҳилӣ накунед. Сухани худро амалан собит созед. Ишқро наметавон бо туҳфаҳои гаронбаҳо харид ва харидани онҳо ҳар вақт шарт нест. Баъзан кифоя аст як навиштаи муҳаббатангез ё гулакеро рӯйи миз дар ҷойи намоён гузоред. Як навозиши самимона ва табассуми гузарон низ гармие ба нишоти хонаводагии шумо метавонад зам кунад.
  2. То қадри имкон ғизоро якҷоя бо аҳли хонавода тановул кунед. Нишасти бо ҳами сари дастархон беҳтарин имконияти эҳсоси дастгирии ҳамдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои оилавист. Ҳатто, агар дар ин маврид ҳолатҳои хеле ногувор муҳокима шаванд ҳам, бовари он ки бо ҳам метавон мушкили замонро паси сар кард, бо аъзои оила хоҳад монд.
  3. Суннатҳои оилавӣ – мададгори ягонагии хонавода. Дар ҳар оилаи қавӣ якчанд суннати хонаводагӣ вуҷуд доранд. Инҳо метавонанд ҷамъмадҳои муқаррарӣ дар гирди дастархон, бо ҳам баромадан ба сайри табиат дар рӯзҳои истироҳат, бозиҳое, мисли шоҳмог, домино ва ғайра бошанд. Бояд онеро интихоб кард, ки писанди ҳама аҳли хонавода аст.Имрӯз, хушбахтона, дар тамоми маҳалҳои пойтахт ва гӯшаҳои мухталифи кишварамон боғҳои истироҳатӣ, варзишгоҳ ва фароғатгоҳҳои кӯдакона бунёд гардидаву бунёд шудан доранд, ки барои сайругашти оилавӣ ва машғулияти кӯдакону фарзандон имкониятҳои хуб фароҳам овардаанд. Суннатҳои оилавӣ муносибатҳои шуморо нотакрор намуда, ба аҳли хонадон суботу устуворӣ, эътимод ва бовар ба фардо мебахшанд.
  4. Муносибат бо атрофиён. Мувофиқи пажӯҳишҳо, кӯдаконе, ки илова ба волидайн бештар бо калонсолон муошират мекунанд, худро хушбахттару боварноктар эҳсос мекунанд. Ҳангоми қабули меҳмонон шумо эҳсоси ягонагӣ мекунед.
  5. Корҳои хонагӣ бо ҳам. Ташвишҳои хонадонро адолатмандона дар байни ҳама аъзои оила тақсим намуда, шумо як муҳити боҳамӣ ва эҳсоси дастгирии ҳамдигарро  дар оила ба вуҷуд меоред. Ҳар узви оила масъулияти иҷрои вазифаи худро бар дӯш мегирад. Ҳадафи ягона оиларо муттаҳид сохта, рӯҳияи ягонагӣ ва эҳтиром ба ҳамдигарро ба вуҷуд меорад.
  6. Аз ҳаёти худ ба аҳли оила ҳикоят кунед. Ҳикоят кардан аз ҳаёти кӯдакии худ ба фарзандон хеле муҳим аст. Ин ба кӯдакон имконият медиҳад, ки волидайни худро беҳтар фаҳманд. Бисёре аз кӯдакон гумон мекунанд, ки волидайни онҳо ҳеҷ гоҳ кӯдак набудаанд ва мушкилоти кӯдакона надоштаанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки волидайнашон ҳамин хел калон ба дунё омадаанд.

Аз хотираҳои худ, аз тифлии худ, аз насли пешин ҳикоятҳо кунед, ки бе манфиат нахоҳад буд. Чунин ҳикоятҳо барои дарки ҳамдигарӣ бисёр муҳиманд.

  1. Аҳамияти ҷонвари хонагӣ. Ҷонварҳои хонагӣ, мисли гурбаву моҳиву парандаҳо ва ғайра барои беҳтар кардани рӯҳия беҳтарин ёваронанд. Онҳо ба хонавода муҳит ва эҳсоси навозишу муҳаббат ато мекунанд. Дар хонадонҳои хусусан деҳот, ки шароит ва имкон доранд, нигаҳ доштану парваридани чорвои хонагӣ, амсоли барраву бузича ва дигар чорвои бузургтар ҳам барои дарку шинохти табиат ва ҳам парвариши муносибати муносиб бо онҳо  ба манфиат хоҳад буд.   Муносибати ғамхорона нисбат ба ҷонварон имкон медиҳад кӯдакон дар рӯҳияи қадршиносӣ ва масъулиятнокӣ тарбия ёбанд.
  2. Эҳтиром овардан ба шахсиятҳои  дигари аъзои оила. Оила иборат аз шахсиятҳоест, ки дар зери як бом зиндагӣ мекунанд. Ҳар яке хислати худ, шоистагӣ ва камбудии худро дорад. Ҳаргиз кӯшиш накунед, ки ба хислати касе тағйирот ворид созед. Ҳама аъзои оиларо чунон ки ҳастанд, қабул кунед. Ҳамдигарро дастгирӣ намоед, ба ҳарфи ҳамдигар гӯш диҳед, ба истиқболи ҳамдигар равед.
  3. Дақиқкор бошед. Бисёр муҳим аст, ки ҳар нафар узви оила қадру қимати худро донад. Дақиқ будан эҳсоси бовар ба худ ва дигаронро медиҳад. Бовар ба он ки  метавон ба ҳамдигар эътимод баст.
  1. Ғамхорӣ ба ҳамдигар. Ҳадя бурдан ба аъзои оиларо одати худ кунед. Бигузор чизи қимате набошад, аммо таваҷҷуҳи шуморо нишон бидиҳад. Ин ҳадя метавонад китобчае бошад даркорӣ, суратаке рангаву зебо, бозичае муфид барои кӯдакон ё як дона гул ба ҳамсар. Бо ин шумо нишон медиҳед, ки нисбат ба онҳо беаҳамият нестед ва ҳатто дар вақти набуданашон ҳам фикрашонро мекунед.

Хулоса, оила унсури асосии ҷомеа буда, моро зарур аст, ки баҳри пойдорӣ, устуворӣ ва бақои ҳамешагии он пайваста талош варзем. Рӯзи байналмилалии оила муборак!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Май 15, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент