Истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин-дастоварди илми тоҷик

Май 23, 2019 15:18

ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Мушоҳидаҳои фосилавӣ ва технологияи истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ  баргузор намуд, ки дар он ҳавопаймоҳҳои бесарнишини Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин оид ба истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин таҷриба гардиданд. Чунин ҳамоиши илмӣ бо ҷалби васеи олимон, коршиносон ва мутахассисон дар Осиёи Марказӣ бори аввал доир карда шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, конференсияи байналмилалии илмию амалиро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида иброз намуд, ки рушди илм дар замони муосир бе истифода аз дастовардҳои технологияи инноватсионӣ ғайриимкон аст. Асри XXI-асри инкишофи босуръати илм ва технологияҳои навин мебошад ва танҳо давлатҳое ба дараҷаи баланди рушд ва тараққиёт ноил мегарданд, ки ин равандро устуворона пайгирӣ менамоянд.

Зикр гардид, ки айни замон дар тамоми ҷаҳон усулҳо ва технологияи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мақсадҳои илмӣ ва амалӣ босуръат вусъат меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола офатҳои табиӣ, аз қабили сел, обхезӣ, ярч ва тармафароӣ ба хоҷагии халқи кишвар хисороти зиёди иқтисодӣ мерасонанд. Истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин бо мақсади мониторинг ва баҳодиҳии хавфу хатари офатҳои табиӣ аҳамияти калони амалӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, истифодаи усулҳо ва технологияи татбиқи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар корҳои илмию амалӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти хосса дорад.

Дар идома директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, ноиби президенти шуъбаи Синзяни Академияи илмҳои Чин, профессор Чен Ши, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба истифодабарӣ ва танзими ҳавопаймоҳҳои бесарнишин, муовини директори Институти илмҳои география ва омӯзиши захираҳои табии Академияи илмҳои Чин Ляо Шиаохан ва намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оид ба моҳияти истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ибрози андеша намуданд.

Дар кори конференсия зиёда аз 80 нафар олимону мутахассисони муассисаҳои илмӣ ва ширкатҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни он 12 маърӯзаи илмӣ бахшида ба масъалаҳои мубрами мушоҳидаҳои фосилавӣ ва истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2018 бо дастгирии Академияи илмҳои Чин дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин оид ба истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин ташкил карда шуд.

Ташкили Маркази мазкур имкон дод, ки бо истифода аз дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар соҳаҳои гуногуни илм маълумотҳои арзишманд гирд оварда шаванд ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи инсон мавриди татбиқ қарор гиранд.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳавопаймоҳҳои бесарнишин имконият медиҳанд, ки бе истифода аз техникаи калон ва маблағҳои гарон корҳои зиёдеро ба сомон расонем.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост, ки ҳавопаймоҳҳои бесарнишин барои аксу навор гирифтан, мушоҳида кардани ҳолати стансияҳои мавҷҳои радиоӣ, телефонҳои мобилӣ дар минтақаҳои кӯҳсор истифода бурда мешаванд. Вале онҳо бо мақсадҳои илмӣ бори аввал мавриди истифода қарор мегиранд. Истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишин имконият медиҳад, ки дар самтҳои афзалиятноки баҳодиҳии хавф ва хатари офатҳои табиӣ, оқибатҳои заминҷунбиҳои шадид, мониторинги ҳолати кунунии сарбанди Усой ва кӯли Сарез, ҳолати пиряхҳо ва рӯйпӯши барф, зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ, баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ, таҳқиқи гидрологияи ҳавзаи дарёҳо, кӯлҳо ва харитасозии аэрофотогеологии мавзеъҳои дастнораси кӯҳӣ корҳои назарраси илмӣ ба даст оварда шаванд»,-гуфт Ҳикмат Муминов.

Ба нақли олими тоҷик, фарқи ин ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҳавопаймоҳои бесарнишини дигар кишварҳо, аз ҷумла Россия дар он аст, ки  онҳо то  баландии 7 ҳазор метр парвоз мекунанд. Чунки мамлакати мо кӯҳсор аст ва онҳо бояд пуриқтидор бошанд.

«Ба воситаи чунин ҳавопаймоҳҳои бесарнишин нахустин корҳое, ки соли 2017 анҷом дода шуданд-ин ба наворгирӣ ва сохтани албоми кӯли Сарез мебошад, ки дар ин самт натиҷаи хуб ба даст омад. Ба воситаи онҳо ҳолати кӯли Сарез муайян гардид, ки дар муқоиса бо истифода аз техникаи муқаррарӣ хеле арзон буд ва аксҳо ҳам хело босифат ба даст оварда шуданд»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Айни замон дар Маркази муштараки илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистону Чин оид ба истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин 12 ҳавопаймои гуногунҳаҷм мавҷуд аст, ки онҳо аз 40 дақиқа то 8 соат метавонанд дар фазо парвоз кунанд. Аз ин шумора 6 тоаш аллакай соҳиби литсензия мебошад.

Тавре донишманди тоҷик Ҳикмат Муминов зикр кард, барои идора кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин мутахассисони ватанӣ-кормандони Академияи илмҳо ҷалб шудаанд. Онҳо на кам аз 5 сол дар соҳаҳои гуногуни техникаи авиатсионӣ дар Россия таҳсил намудаанд ва барои таҷрибаомӯзӣ ба кишвари Чин сафарбар шуданд. Ин мутахассисон имрӯз мустақилона идора, назорат, ба наворгирӣ ва масири ҳаракати ҳавопаймоҳоро пурра муайян мекунанд.

Техникаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишин дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешавад. Бинобар истеҳсол нашудани баъзе аз қисмҳои эҳтиётӣ дар мамлакат онҳо аз дигар давлатҳо оварда мешаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, мушоҳидаи ҳолати пиряхҳо мебошад. Академияи илмҳо нақша дорад, ки имсол мушоҳидаи ҳолати пиряхҳоро бо воситаи чунин ҳавопаймоҳҳои бесарнишин ба роҳ монад.

Истифодабарии ҳавопаймоҳҳои бесарнишин заҳмати 4-солаи олимони Академияи илмҳо ва дастоварди илми тоҷик ба ҳисоб рафта, яке аз роҳҳои пайвастани илм бо истеҳсолот арзёбӣ мегардад. Олимони тоҷик пайваста кӯшиш мекунанд, ки ҳамқадам бо илми ҷаҳонӣ бошанд.

Май 23, 2019 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид