МО – БЕРУН АЗ РӮЙХАТИ «SPECIAL 301 REPORT»! ИМА иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мусбат арзёбӣ кард

Май 8, 2019 17:17

ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи тиҷоратии ИМА Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз «Special 301 Report» —  рӯйхати кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ  риоя карда намешавад, хориҷ кард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҳисоботи махсуси чанде пеш нашргардидаи «Special 301 Report» хабар медиҳад.

Ҳисоботи махсуси Намояндаи тиҷоратии ИМА (United States Trade Representative, USTR) «Special 301 Report» оид ба вайрон кардани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ нашр гардид, ки тибқи он, ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ баҳои мусбат дода шуд.

USTR ба иқдомҳои назаррасе, ки аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риоя кардани уҳдадориҳои худ оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар асоси Созишномаи тиҷоратии дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА роҳандозӣ гардидаанд, изҳори таҳсин кард.

Ҷониби амрикоӣ иқдомҳои Тоҷикистонро дар самти мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мусбат арзёбӣ намуд. Дар миёни ин иқдомҳо дар навбати аввал ташаббусҳо, талошҳо ва фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мусоидат намудан ба истифодаи барномаҳои иҷозатномадошта дар муассисаҳои давлатӣ номбар шудаанд.

«USTR рӯйдодҳои муҳими зеринро дар соли 2018 ва оғози соли 2019 зикр менамояд: имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқдомҳои мушаххасе, ки баҳри беҳтаргардонии низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ роҳандозӣ намудааст, ба рӯйхати мушоҳида ворид карда нашуд», — омадааст дар ҳисобот ва дар идомаи ин гуфта шудааст, ки «аз ҷумла, ваколатдор намудани мансабдорони мақомоти гумрук ва қабули қарор дар сатҳи Президент оид ба мусоидат намудан ба истифодаи барномаҳои иҷозатномадошта дар муассисаҳои давлатӣ дар ҳалли мушкилоти дерини марбут ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ таъсири назаррас дорад».

 Кадом кишварҳо ба рӯйхат ворид шудаанд?

     Бояд ёдовар шуд, ки соли 1974 ИМА Қонуни тиҷоратӣ (US Trade Act) қабул кард. Қонуни мазкур кишварҳоеро, ки дар онҳо ҳуқуқи шаҳрвандони амрикоӣ ба моликияти зеҳнӣ вайрон карда мешавад, муайян мекунад. Ҳамасола Комиссияи тиҷоратии ИМА рӯйхати кишварҳоеро, ки ҳифзи муносиби моликияти зеҳниро таъмин намекунанд, таҳия менамояд. Ин кишварҳо дар ҳисоботи солонаи «Special 301 Report» номбар карда мешаванд.

Дар ҳисоботи соли 2019 ба 36 кишвари дунё, ки ба «Рӯйхати афзалиятноки мушоҳида» (Priority Watch List)  ва «Рӯйхати мушоҳида» (Watch List) ворид гардидаанд, таваҷҷуҳи асосӣ дода мешавад.

Ба «Рӯйхати афзалиятноки мушоҳида» 11 кишвар, аз ҷумла Алҷазоир, Аргентина, Чили, Чин, Ҳиндустон, Индонезия, Кувайт, Россия, Арабистони Саудӣ, Украина ва Венесуэла шомил мебошанд.

«Рӯйхати мушоҳида», ки дар он қаблан ҷумҳурии мо низ буд, 25 кишвар,   Барбадос, Боливия, Бразилия, Канада, Колумбия, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминикан, Эквадор, Миср, Юнон, Гватемала, Ямайка, Ливан, Мексика, Покистон, Парагвай, Перу, Руминия, Швейтсария, Таиланд, Туркия, Туркманистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва  Ветнамро дарбар мегирад.

Иқдомҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт роҳандозӣ гардидаанд

 Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди неруи ақлонӣ ва моликияти зеҳнӣ диққати махсус зоҳир намояд. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илм ва технология бо суръат рушд мекунанд, рушди неруи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ҳар як мамлакат гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионии он мебошад. Вазифаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши марҳила ба марҳилаи иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд мебошад ва вобаста ба ин сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавасмандгардонии рушди неруи инсон ва эҷодиёти зеҳнӣ нигаронида шудааст.

Солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат чораҳое оид ба дастгирии неруи зеҳнӣ, рушди фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, фаъолияти эҷодӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ андешида шудаанд. Ҳуҷҷати муайянкунанда дар ин соҳа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар моддаи 40 он чунин омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми миллии ҳифзи моликияти зеҳнӣ  ташаккул ёфтааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ҳамоҳангсозии корҳои ихтироъкорӣ дар мамлакат дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот таъсис дода шуд.

Ҳамчунин бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи асарҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста таъсис дода шуд.

Дар ин самт бештар аз 18 қонун ва 9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки ба меъёрҳои кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — гражданӣ, ҷиноӣ, гумрукӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ  мувофиқ меоянд. Ҳамчунин даҳҳо санадҳои меъёрии зерқонунӣ дар намуди низомномаю қоидаҳо низ қабул гардидаанд, ки муносибатҳоро нисбат ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ аниқ намуда, сиёсати давлатиро дар соҳаи илм муайян мекунанд ва ба дастгирии неруи илмӣ ва таҳқиқоти илмии афзалиятдошта, фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, андешидани чораҳо оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани  «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани  Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое низ қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсиониро ба танзим медароранд, аз ҷумла «Дар бораи дастовардҳои селексионии растаниҳо», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ихтироот», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ», «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ», «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи ҳифзи навъҳо».

Дар қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боби «Моликияти зеҳнӣ» ворид карда шудааст.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо дарназардошти стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ имкон доданд, ки дар ҷумҳурӣ барои ташаккул ва фаъолияти низоми мақсаднок ва фарогири қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини рушди пайдарпаи моликияти зеҳнӣ замина ба вуҷуд оварда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати як зумра созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ шомил гардид ва ҳамчунин як қатор созишномаю конвенсия ва шартномаҳои байналмилалиро, ки масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳниро ба танзим медароранд, имзо намуда, ба онҳо ҳамроҳ шуд, аз ҷумла Конвенсияи Стокголм, ки Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро таъсис дод (1967), Конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ (1883), Шартнома оид ба шарикии патентӣ (1970), Созишномаи Страсбург дар бораи таснифи байналмилалии патентӣ (1971), Созишномаи Нитсш дар бораи Таснифи байналмилалии молҳо ва хизматҳо барои бақайдгирии тамғаҳо (1957), Созишномаи Локарн, ки таснифи байналмилалии намунаҳои саноатиро муқаррар кардааст (1968), Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналмилалии маҳфуздории микроорганизмҳо бо мақсади расмиёти патентӣ (1977), Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо (1891), Конвенсияи умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф (1952), Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (1886), Созишнома дар бораи тадбирҳои ҳифзи моликияти саноатӣ ва таъсиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи моликияти саноатӣ (1993), Ташкилоти авруосиёии патентӣ (1994), Конвенсия оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷрочиён, офарандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои барномаи эфирӣ (Рим, 1981), Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (Женева, 1966), Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (Женева,1966).

Май 8, 2019 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад
Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар зиёда аз 440 ҳазор гектар кишти баҳории зироат мегузаронанд
Дар шоҳроҳи Обигарм-Нуробод дарозтарин пул бунёд мешавад
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Имсол дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳосили картошка фаровон аст
Директори идории ХБА Кристалина Георгиева: «Орзу дорам, ки ормони тоҷикон оид ба пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад»
Парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва AIIB-ро барои сохтмони роҳи мошингарди «Обигарм-Нуробод» ба тасвиб расонд
Дар ноҳияи Ҷайҳун 4967 гектар пунбадона бо усули муосир кишт карда шуд
Дар шаҳри Конибодом Форуми таълимии соҳибкории G5 баргузор гардид
Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор иқтисоди Тоҷикистонро хеле устувор ва ба самти дуруст рушдёбанда арзёбӣ намуд
Дар вилояти Суғд масъалаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ баррасӣ шуд
ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Маҷрои дарёи «Шоҳдара» ба сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» равона карда шуд