Ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ансамблҳои оилавии Холовҳо — шаҳри Кӯлоб, Мастоновҳо — шаҳри Панҷакент, Назаровҳо — шаҳри Ҳисор, Авазбековҳо — ноҳияи Ишкошим, Саидовҳо — шаҳри Роғун ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» гардида, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат», ки шоми имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, хабар медиҳад, дар маросими ҷамъбасти фестивали мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳаводорони савту наво иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки мақсади баргузории фестивали имрӯза рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалб ва фарогирии ҳарчи бештари шаҳрвандон ба фарҳангу санъат ва ба ин восита баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа мебошад.
Дар Рӯзи байналмилалии оила баргузор намудани ин фестивал аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат оила дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст. Маҳз беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали фестивал оғози моҳи апрел шурӯъ гардида, дар он танҳо ансамблҳои оилавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳайаташон на зиёда аз 20 нафар буд, иштирок карданд.
Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.


















Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






