«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!»-таҳти ин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор мегардад

Май 21, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 21.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 майи соли равон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе  барномаи идонаи фарҳангӣ- фароғатӣ таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!» баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур беҳтарин санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ, ба монанди Шуҳрат Сайнаков, Ситораи Кароматулло, Шаҳроми Абубакр, Ҷамшед Исмоилов, Суруш Холов, Мадина Ҳақназарова, Нишонаи Рустам, Иззат Шарифӣ, Хайриддини Шариф, Қурбон Алиев ва Комилҷон Зарипов иштирок намуда, бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокдоронро болида мегардонанд.

Мақсад аз баргузор намудани барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ба ҳам овардани ҷавонон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ  аз соли 1997  бо  ибтикори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Май 21, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд