Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд
ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд. Дар доираи ин рӯзҳои фарҳангӣ 20 май муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён бо муовини губернатори музофоти Шенси Чжао Ган вохӯрӣ намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Чжао Ган оид ба таърих ва дастовардҳои фарҳангию таърихии музофоти Шенси маълумот дода, иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин бо ибтикори сарони ду давлат ва вазирони фарҳанги Тоҷикистону Чин имконпазир гардидааст. Чжао Ган ҳамчунин зикр кард, ки ҷониби Чин омода аст муносибатҳоро дар соҳаи фарҳанг, сайёҳӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт тақвият диҳад.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Обидҷон Назариён доир ба масоили гуногунҷабҳаи ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Номбурда, аз ҷумла таъкид намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанг барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Ба иттилои манбаъ, шоми 20 май дар даромадгоҳи Кохи бузурги фарҳангии шаҳри Сиан намоиши рассомӣ ва аккосӣ бо номи «Тоҷикистони муосир» доир гардид, ки аз он намояндагони олимақоми ҳукумати шаҳри Сиан ва музофоти Шенси, инчунин мардуми санъатдӯст дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.
Сипас барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки устодони санъати тоҷик ва ҷавонони соҳибистеъдод манзури тамошобинон гардид, ки бо кафкӯбиҳои зиёд пазироӣ гардид.
Хотиррасон мешавем, ки санъати рақс ва мусиқии тоҷикро дар Чин ансамблҳои рақсии «Гулрез» ва «Парасту», ансамбли созҳои миллии «Дарё», ҳунарпешагон Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимзода, Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 15 май оғоз гардида, он то 22 майи соли равон идома меёбад.










Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






