СТИПЕНДИЯИ «ДӮСТӢ»: 100 нафар донишҷӯ аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба гирифтани он шарафёб гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он 100 нафар донишҷӯ аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат соҳиби стипендия гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони ин вазорат, Вазир Нуриддин Саид, президенти ширкати ҶДММ «Хуаксин-семент» Ли Етсин ва намояндагони ширкати мазкур, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Н. Саид иброз дошт, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи бисёр хуб қарор дорад, ки он дар асоси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат ва дигар созишномаҳо ба роҳ монда шудааст.
«Дар асоси санадҳои мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо карда мешавад. Дар асоси ин бурсияҳо айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин 3594 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд», -афзуд Нуриддин Саид.
Ли Етсин аз ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ёдовар шуда, зикр намуд, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷўёни аълохон, дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таълимӣ фаъол, ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоати муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст, ки ҳар сол ба маблағи 2 000 сомонӣ ба ҳар як донишҷӯ туҳфа карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи сеюм аст, ки стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди мазкур барои донишҷӯёни тоҷик супорида мешавад.
Сипас, аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






