Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Таҷрибаи ваҳдати миллии тоҷиконро доираҳои илмию сиёсии ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд»

Июнь 26, 2019 15:55

ДУШАНБЕ, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Имсол мардуми шарифи  Тоҷикистон 22-юмин солгарди  Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу субот, созандагию ободкорӣ ва дӯстию якдигарфаҳмӣ таҷлил мекунад. Ин  рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди давлатсозии миллӣ заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Ба шарофати он миллати сарбаланди куҳанбунёду фарҳангии тоҷик зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор ниҳод ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати  рӯ ба инкишоф муаррифӣ шуд», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ. Мавсуф дар идомаи суҳбат чунин афзуд:

Пешвои миллат ҳамчун як чеҳраи сиёсии ташабускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии инсоният ва саёраи мо – Замин шинохта ва эътироф гардиданд.

Дар назди муҳаққиқон, ки саъй дар фаҳми фароянди таърихи ҷаҳон ва ё таърихи кишварҳо ва миллатҳои ҷудогонаро кардаанд, чунин саволе матраҳ шудааст, ки нерӯи пешбарандаи таърих, ки боиси таъйини масир ва натиҷаи ҳаводиси таърихист, кадом бояд бошад? Гурӯҳе ба ин назаранд, ки инсонҳои бо азму ирода, равшангару дурбин ва мунҳасир ба фард муҷиби ҳаракати таърих ба самти рушд ва шукуфоӣ ҳастанд. Онҳо фурсати пешрафтеро ба инсоният медиҳанд, ки ин пешрафт ҳар қадар босуръат бошад, миқёси нуфузи он шахсият ҳамон қадар густардатар мегардад. Дар воқеъ ин амр ғайри қобили инкор аст, ки шахсиятҳо метавонанд ҷаҳонро тағйир диҳанд, масири сиёсату иҷтимоъро дигаргун созанд.

Миёни он ҳама шоҳон, сарварон ва ҳокимон, ки дар давраҳои мухталиф ҳукумат кардаанд, теъдоди шахсиятҳое, ки нақши хешро дар таърихи рушди ҷомеаи башарӣ гузоштаанд, чандон зиёд нестанд. Мо агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, ин ҳақиқати бидуни баҳсро ба мушоҳида мегирем. Дар ин маврид аз давлатмардони маъруфи аҳди қадим ва садаҳои миёна, мисли Куруши Кабир ва Дориюши Кабир аз хонадони  ориёии Ҳахоманишӣ,  Меҳрдоди Кабир аз силсилаи ориёии Ашконӣ, Хусрави Анушервон аз сулолаи  наҷиби Сосонӣ, Лайси Саффорӣ аз хонадони ориёитабори Саффорӣ ва Исмоили Сомонӣ аз хонадони некноми ориёиасли Сомонӣ, ки шахсияти ҳар яке мунҳасир ба фард буда, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва сарнавиштсози кишвару мардумашон инони давлатдориро ба даст гирифта, шароите барои шукуфтанҳои кишвар ва болиданҳои мардум муҳайё карда, сарбаландона аз имтиҳони таърих гузаштаанд, ёдовар шуда, эътимоди комил ҳосил менамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хислату рафтору кирдори  неки давлатмардони мазкурро дар кору кирдор ва шахсияти хеш муҷассам сохтанд ва тавонистанд дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ давлату миллати тоҷиконро аз парокандашавию нобудӣ раҳоӣ бахшанд ва Ваҳдати миллиро дар ҷомеаи тоҷикистонӣ таъмин намоянд.

Миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём ба як ваҳдати комил ниёз дошт ва дар асрҳои миёна маҳз ҳамин эҳсоси ваҳдат буд, ки имконияти раҳоӣ аз тобеияти хилофат, дарёфти мустақилияти комил, ташаккули халқияту давлати тоҷиконро дар замони Сомониён фароҳам овард.

Дар тӯли таърихи баъдина моро аз имкони ваҳдатсозӣ истилои беамони аҷнабиён, ивазшавии силсиласулолаҳои онҳо маҳдуд сохта буданд ва қариб ҳазор сол халқи тоҷик фақат заҳри тобеият чашида, ягона тасаллои дил тарғиби ғояҳои ваҳдатро дар назми оламгири тоҷикию форсӣ тараннум мекард ва  роҳи ягонаи халосиро дар ваҳдати вуҷуд медид.

Вале гардиши таърих чун подоши ҳамаи ин ранҷу хориҳо моро ба эҳёи навини давлатдорӣ расонд. Табиист, ки нигаҳдошти ин атои тақдир, ин дастоварде, ки қарнҳо тоҷикон дар орзуяш буданд, бе ваҳдати комил имкон надошт. Роҳ ба сӯи он ниҳоят фоҷиабору шадид сурат гирифт ва танҳо Пешвои муаззами миллат бо раҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору кирдори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашиданд ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан,  истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазир Ваҳдати комили миллиро дар сар то сари ҷумҳурӣ  барқарор ва истиқлолияти воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуданд.

Барои мардуми шоҳиди воқеаҳои солҳои 90-ум сурат гирифта дар ҷумҳурӣ ва таърихи муосири мамлакат  пӯшида нест ва танҳо ҳамин нуктаро таъкид намуданиам, ки гузаштан ба давраи осоишта имкон дод, ки тамоми кӯшишу ғайрати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани зарари ҷанги шаҳрвандӣ, ба низоми муайян даровардани сохтори идоракунии маъмурӣ, тақвият бахшидани  хоҷагии халқ ва ғайра равона гардад.

Ба Пешвои миллат лозим омад садҳо масоили мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили роҳсозӣ, баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии қишрҳои камбизоати мардум, ба ҷойҳои зист баргардондани муҳоҷирон, тайёр намудани ҷойҳои корӣ, истифодаи оқилонаи сармоягузориҳои хориҷӣ, истиқлолияти  энергетикӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани иқтидори илмию фарҳангӣ ва боз садҳо кору ташвиши дигарро, ки танҳо номбар кардани  онҳо даҳҳо саҳфаро пур хоҳад кард, ҳаллу фасл намоянд.Таъмини ваҳдати комил низ бевосита ба ҳалли ин масоил вобаста буд. Фазои сулҳу оромӣ имкон дод, ки масоили зиёди иқтисодию иҷтимоӣ батадриҷ роҳи ҳалли худро ёбад ва  барои рушди брсуръати онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги аҳли мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.

Мусаллам аст, ки ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо мерос гузорад.

Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ  бунёд намоянд.

Дар робита ба ин, ҳамаи мо — мардуми Тоҷикистон уҳдадор ҳастем, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ — ваҳдати миллиро гиромӣ дорем, онро эҳтирому эҳтиёт кунем, ояндабину дурандеш бошем, парчами ваҳдатро баланд бардошта, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошем ва ин сарзамини аҷдодиро чун модари азизи худ дӯст дорем.

Имрӯз дар муқоиса бо парокандагиву нифоқ, ки таҷассумгари фоҷиаву мусибатҳост, мазмуну моҳият ва арзиши ваҳдати миллии ба нақди ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони мо бадастомада дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем, Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем.

Таҳлилҳои таърихӣ, илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тайкардаи худ, инчунин ваҳдати миллиро, ки дар натиҷаи заҳматҳои сангин, ҷонфидоиву ҷавонмардиҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омад,   ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифӣ намоем. Зеро таҷрибаи ваҳдати миллии тоҷикон дар доираҳои илмӣ ва сиёсии дохиливу байналмилалӣ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор дорад.

Ваҳдати миллӣ, ки имрӯз дар сар то сари кишвар ҳукмфармост, ин пеш аз ҳама,  барои инсонҳо якдилӣ, барои давлат якпорчагӣ, барои рушди он иттифоқи тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату дину мазҳаб, тарҳрезии барномаҳои иқтисодии ягонаи  барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатбахшро таъмин намудааст.

Дар ҳама ҳолат бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки Ваҳдат мафҳуми хеле васеъ дошта, масъулияти зиёдеро талаб мекунад. Мо ваҳдати миллӣ гуфта бояд танҳо ваҳдати тоҷиконро дар назар надошта бошем. Ваҳдат барои тамоми халқҳои ҷумҳурӣ якхела манфиатбахш буда, бояд чун ҳамдилию ҳамбастагӣ ва ҳамтақдирии тамоми миллату халқиятҳои кишвар фаҳмида шавад.

Аз ин лиҳоз, дар шароити имрӯза, ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар муаррифӣ намоем. Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиртару устувортар  мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ дар байни ҷомеа ҳарчи бештар густариш пайдо намояд.

Саҳифаҳои рангин ва пурифтихори хислатҳои  неки Яъқуби Лайси Саффорӣ ва Исмоили Сомониро бемуҳобот  дар рафтор ва амалҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон, мисли эҳтиром ба забони модарӣ ва дар мақоми баланди давлатӣ гузоштани он, арҷгузорӣ ба бузургони илму адабу таърихии миллат, эҳёи суннату анъанаҳои фаромӯшшуда, мисли таҷлили ҷашнҳои миллии тоҷикон: Сада, Наврӯз ва Меҳргон, дастгирӣ ва густариши ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра мебинем.

Ин ҳақиқати бидуни баҳс аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург як ҷо бо миллатҳои бузург меофаранд.  Ҳар кас агар аз он мерос мебарад, бақои имрӯз ва фардои миллат ва давлати худро дар ҳама айём таъмин мекунад. Пешвои муаззами миллат — Эмомалӣ Раҳмон бо меросбарӣ аз ин ганҷи нодир тавонистанд тамоми хислатҳои  давлатдорӣ ва давлатмардии бузургмардони миллатро, ки номашоро ба некӣ зикр кардем, дар кору кирдори  худ таҷассум созанд, нақши калидӣ дар эъмори давлати навини тоҷикон бозанд ва чун пешвои муаззами миллат пазируфта шаванд.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро, ки бори дигар таъкид менамоям, натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами тоҷикон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст,  чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.

 

Июнь 26, 2019 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»