ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ИҶТИМОӢ — ҲАДАФИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷаласаи корӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат

Июнь 22, 2019 10:18

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 8 июн дар назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иштироки муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи васеи корӣ доир гардид.

Дар ҷаласа Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳову чорабиниҳои сатҳи давлативу ҷумҳуриявӣ суханронӣ намуд.

Бо назардошти он, ки ҳалли масоили иҷтимоӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пешвои миллат мебошад, дар зер матни пурраи суханронии Ёрдамчии Президенти ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонзодаро пешниҳоди хонандагон менамоем.

Проблемаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, вазъи маънавиёт ва робита бо ҷомеа ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат, махсусан Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Сарвари давлат дар ҳар як баромад ва суханронӣ доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, оид ба сари вақт бартараф кардани онҳо изҳори назар менамоянд ва дар ин самт ба роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ дастур медиҳанд, ки ҷиҳат рафъ сохтани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушахассро роҳандозӣ намоянд. Дар асоси дастури Сарвари давлат инчунин як қатор барнома, консепсия ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки  дар онҳо соҳаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ дастгирӣ ёфта,  ҳиссаҷудокунӣ дар ин самт ба маротиб боло рафтааст.  Баробари ин Пешвои миллат робита бо ҷомеаи шаҳрвандиро омили муҳимми рушди демократия дониста, бо аксари  ниҳодҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамоянд, ки  ин бесабаб нест.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ, махсусан боло бурдани сатҳи маънавиёт, рушди  забони давлатӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни бостонии миллат, дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбияи кардани насли наврасу ҷавон, проблемаҳои ҳалталаби соҳаи илму маориф, тандурустӣ, шуғли аҳоливу муҳоҷират, муборизаи беамон бар зидди зуҳуроти хатарзо ба монанди терроризму ифротгароӣ, мушкилоти  ҳалталаби ҷаҳони глобалӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, татбиқи чор ҳадафи стратегии мамлакат ва дар умум то соли 2021, яъне то давраи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба як кишвари пешрафтаву маданӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, дар назди масъулин дастуру супоришҳои мушаххас мегузоранд.

Дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои ин супоришҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ба рафъи мушкилоти соҳаҳои иҷтимоӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад. Махсусан, дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Ваҳдат, Турсунзода, Кӯлоб, Бохтар, Бобоҷон Ғафуров, Данғара, Ҳамадонӣ, Рашт, Шаҳринав ҷиҳати бунёди иншооти таъминоти иҷтимоӣ диққати бештар дода шуда, барои боло рафтани сатҳи маънавию фарҳангии аҳолии корҳои назаррас ба анҷом расонида истодаанд.

Бо вуҷуди он ҳоло ҳам дар  татбиқи бандҳои алоҳидаи баъзе нақша-чорабиниҳо кашолкорӣ ба мушоҳида расида, суръати таъмир, азнавсозӣ ва бунёди иншооти иҷтимоӣ суст ба роҳ монда шудаанд. Баъзе дастурҳои Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроия  сари вақт иҷро нагардида, гузоришҳо доир ба рафти иҷрои супоришҳо мукаммал ва қонеъкунанда намебошанд. Дар самти корҳои ташвиқотӣ ва робита бо ҷомеа низ норасоиҳо мушоҳида шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ беҳбудӣ мехоҳанд. Чунончи, соли 2018 ба хотири омодагӣ ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» эълон гардида буд.

Ҳадафи асосии баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, ровигӣ, шоирӣ ва ба таълимоти касбӣ фаро гирифтани онҳо, ҳамчунин ҳавасмандгардонии ҳунармандони ҷавон ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар пешрафти фарҳанги миллӣ мебошад.

Тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» реҷаи баргузории даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо тасдиқ гардида, бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо равон карда шуд.

Мутобиқи ахбороти Вазорати фарҳанг даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ҷалби 3013 нафар довталаб баргузор гардида, аз ин теъдод 705 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 787 довталаб дар озмун ширкат варзида, 549 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Дар вилояти Хатлон 813 нафар ширкат варзида, 249 нафар, дар ВМКБ аз 410 нафар135 нафар, дар  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 841 нафар довталаб 130 нафар, дар шаҳри Душанбе аз 133 нафар 67 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Мутаассифона аз рӯи маълумоти мавҷуда ва ҷараёни сусти инъикос аз рафти баргузории даври якуми озмун, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо доир гардид, муайян шуд, ки аз ҷониби масъулини Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, инчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нисбат ба ташкил ва баргузории озмун, ҷалби тамоми табақаҳои ҷомеа дар он, махсусан ҷавонони соҳибистеъдод камтаваҷҷуҳӣ зоҳир гардидаст.

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо ҷавонони ҳунарманду  соҳибистеъдод мавҷуданд, ки аз назари ҷомеа пинҳон мондаанд ва танҳо тавассути чунин озмунҳо  ба майдони санъат ворид мешаванд. Озмун бояд аввал дар сатҳи муассисаҳои клубӣ, баъдан дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот ва ноҳияҳо баргузор мегардид.

Ба озмун аксарият хонандагон  ҷалб шуда, дастаҳои ҳунарӣ, оилавӣ, ансамблҳои тарона ва рақс, ҳунармандони театрҳо ва клубу қасрҳои фарҳангӣ кам ҷалб гардидаанд. Аз теъдоди умумии довталабоне, ки дар даври аввали озмун ширкат варзидаанд, 1200 нафарашон хонандагон мебошанд.

Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мавҷудияти 400 муассисаи клубӣ,  228 қасру хонаи фарҳанг ва 102 ансамблҳои тарона ва рақс бо фарогирии 3695 корманд натавонистанд, оммаи васеи мардумро ба озмун ҷалб намоянд.

Дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар як номинатсияи муқарраргардида иштирокчӣ таъмин нашудааст, махсусан дар жанри оҳангсоз теъдоди иштирокчиён ниҳоят кам ба назар мерасад. Ҳоло он ки дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳия оҳангсозони ҷавону боистеъдод кору фаъолият дошта, бинобар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани корҳои омодагӣ ба озмун, онҳо аз назар берун мондаанд. Дар давоми 5 соли охир муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии соҳаи фарҳангро 1175 нафар мутахассиси соҳавӣ, аз ҷумла, сарояндагон ва навозандагон хатм кардаанд.

Аз ин бармеояд, ки масъулин иҷрои мақсаднок ва босамари амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ таъмин накардаанд. Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» муваззаф шуда буданд, ки дар ҷараёни даври якуми озмун фаъолона ширкат варзида, рафти баргузории онро бояд тавассути шабакаҳои телевизионӣ васеъ инъикос мекарданд.

Гурӯҳҳои кории Вазорати фарҳанг бошанд, бояд рафти иҷрои ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳо санҷида, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг мавриди муҳокима қарор медоданд. Мутаассифона, намояндагони Вазорати фарҳанг, ки бевосита масъули чорабинӣ ба ҳисоб мерафтанд, дар ягон шаҳру ноҳия рафти озмунро аз назар  нагузаронидаанд. Дар натиҷа даври якуми озмун дар сатҳи паст баргузор шуд. Ба навъҳои санъат ва жанрҳои асосӣ кам эътибор дода шуда, талаботи низомномавӣ, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо риоя нагардидааст.

Аз ин лиҳоз Бахши Ёрдамчии Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳим будани масъала маҷлиси комиссияро даъват намуда, ҳисоботи муовини вазири фарҳангро шунид. Комиссия ба хулоса омад, ки аз сабаби дар сатҳи лозима доир нагардидани озмун ва инъикос нашудани баргузории чорабинӣ аз тариқи телевизион даври якуми он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз нав такроран  баргузор карда шавад.

Кумитаи телевизион ва радио, муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” вазифадоранд, ки даври якуми озмуни  ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва телевизиони «Баҳористон” озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”- ро пурра сабт карда, пешкаши мардум намоянд.

Дар доираи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, №АП-1165 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни ҳама қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни таҳсилоти гуногун, магистрҳо ва докторантҳои кишвар ба роҳ монда шуд. Муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати огоҳии хонандагону донишҷӯён бо озмуни мазкур ва баргузории даври аввали он дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои дахлдор андешида, фазои мусоиди мутолиаи китобҳои бадеӣ ва тарғиби хониши китобҳои бадеиро миёни омӯзгорону хонандагону донишҷӯён ба роҳ мондаанд. Аммо дигар қишрҳои ҷомеа, новобаста ба синну сол ба ин озмун кам ҷалб шуда, талаботи он пурра риоя нашуда истодааст. Мебоист, ки ба ин озмун наслҳои гуногун ҷалб мешуд ва доираи иштирокчиён васеъ мегардид. Ботаассуф ин талаботи низомномавӣ дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо риоя нашуда, танҳо бо хонандагон иктифоъ кардаанду халос.

Тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи китобча нашр ва ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳамроҳ бо шакли электронии он дастрас карда шудааст. Аммо дар бисёр шаҳру ноҳияҳо ин тавсияҳо истифода нагардидаанд ва ин санади меъёрӣ ба инобат гирифта нашудааст.

Дар гузоришҳое, ки ба Дастгоҳи иҷроия ворид гардидаанд, оид ба иштироки калонсолон ва миёнсолон маълумот пешниҳод нашудааст. Аз ин бармеояд, ки қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба ин озмун ҷалб нагардидаанд.  Ҳол он ки ин озмун новобаста ба синну сол ба ҳамаи хоҳишмандон дахл дорад ва дар Низомнома ин масъала возеҳ шарҳ дода шудааст. Ба ғайр аз ин тибқи таҳлилҳои гурӯҳи корӣ рӯйхати адабиёти пешниҳодшуда дар бештари китобхонаҳо нокифоя буда, онҳо ба китобҳои нав ниёз доранд. Мутаассифона, нисбати масъалаи мазкур аз ҷониби масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беэътиноӣ зоҳир шуда, гузориш то ҳоло ирсол нагардидааст.

Аз ин рӯ, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои фарҳанг ва маорифро зарур аст, ки вобаста ба таъмин намудани китобхонаҳо бо адабиёти зарурии барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” пешниҳодгардида, таъҷилан ҷораҷӯӣ намоянд.

Дар соҳаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо барои амалӣ шудани Қонуни мазкур мусоидат менамоянд. Махсусан, дар мавриди ба арзишҳои неки фарҳанги миллӣ мутобиқ намудани номҳои воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва иҷрои талаботи протоколҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат саҳлангорӣ мушоҳида шуда, мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатиро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи истилоҳот ва забон ҷиҳати ичрои ин супоришҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Таҳлилу омӯзиши 10295 номи ҷуғрофӣ муайян намуд, ки дар вилояти Суғд 275 номи ҷуғрофӣ, Хатлон 783, ВМКБ 160 ва ноҳияҳои тобеи марказ 328 номи ҷуғрофӣ – дар маҷмӯъ 1546 ном ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёрҳои забони тоҷикӣ  мувофиқат намекарданд. Қисме аз ин номҳо дигар шуда бошанд ҳам, ҳоло низ дар ин самт камбудӣ ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи маълумот зиёда аз 957 адад номи маҳалҳои аҳолинишин (маҳаллаҳо, деҳаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шаҳру ноҳияҳо) ғайримеъёрӣ буда, ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва суннати номгузории миллӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Дар ин давра, бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 236 номҳои ғайримеъёри шаҳру ноҳия ва дигар маҳалҳои аҳолинишини вилояти Суғд иваз карда шуда, санаи 30-юми апрели соли 2019, №872-1/5 дар шакли ҷамъбастӣ ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо дар бораи иваз намудани номҳои ғайримеъёрии 39 маҳали аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Суғд дар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Аммо, мутаассифона, қисми зиёди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ надода, ба супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътиноӣ зоҳир намуда истодаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (28): Мурғоб (29), Шуғнон (1), Роштқалъа (4), Ишкошим (3) ва Хоруғ (3); вилояти Хатлон (499): Ховалинг (7), Хуросон (22), Ҷайҳун (18), Кӯшониён (70), Муъминобод (9), Балҷувон (16), Фархор (17), Шамсиддини Шоҳин (13), Панҷ (28), Ёвон (27), Қубодиён (19), Восеъ (16), Носири Хусрав (14), Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (19), Вахш (11), Дӯстӣ (15), Темурмалик (17), Данғара (16), Ҷалолиддини Балхӣ  (66), Абдураҳмони Ҷомӣ (29),   Шаҳритуз (15),  Кӯлоб (5), Норак (16), Бохтар (4), Левакант (5) ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (251): Ваҳдат (60), Турсунзода (24), Роғун (3), Ҳисор (13), Файзобод (12), Нуробод (8), Сангвор (7), Тоҷикобод (9), Лахш (40), Варзоб (15), Рӯдакӣ (28), Рашт (18) ва Шаҳринав (14) номҳои маҳалҳои аҳолинишини ғайримеъёрӣ ошкор гардиданд, ки дар маҷмӯъ 778 номи ғайримеъёриро ташкил медиҳанд.

Дар ин давра (аз соли 2016 то 2018) аз мақомоти дар боло зикршуда бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо номҳои  ғайримеъёрии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат (14), Ёвон (11), Ҷалолиддини Балхӣ (10), Бобоҷон Ғафуров (10), Истаравшан (9), Варзоб (8),  Панҷ (7), Панҷакент (7), Конибодом (5), Спитамен (2), Ашт (2) ва Ховалинг (1) – дар маҷмӯъ 86 ном иваз шудаанду халос.

Омори мазкур ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои болозикр дидаву дониста ҷиҳати ивази номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин тадбирҳои зарурӣ намеандешанд ва то кунун ин кори ниҳоят муҳимми сиёсиву фарҳангиро ба таъхир гузоштаанд.

Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳот якҷо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар ин самт корро ҷоннок намуда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ гиранд. Илова бар ин Кумитаи забон ва истилоҳот, якҷо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маънии номи маҳалҳоро дар қавсайн низ нишон диҳанд, то ин ки мардум ва сайёҳон аз мазмуни аслии онҳо бохабар бошанд. Ҳамзамон, номи маҳалҳои аҳолинишин (маҳаллаҳо, деҳаҳо,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо), ки бо номи ашхос номгузорӣ шудаанд, аз ҷониби мақомоти шаҳру ноҳияҳо тибқи суннати номгузории миллӣ бознигарӣ шуда, ҷиҳати иваз ба Кумитаи забон ва истилоҳот пешниҳод карда шаванд.

Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ насб ва дуруст навиштани шиору овезаҳо мебошад, ки ба меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд. Ҳол он ки ба тамоми шаҳру ноҳияҳо шиорҳои дахлдор аз паёмҳо ва суханрониҳои Сарвари давлат вобаста ба ҷашнҳои сегонаи Сада, Наврӯз ва Меҳргон, масъалаҳои глобалии об, истиқлолияти давлатӣ, рушди деҳот ва ғайра омода гардида, ирсол шудаанд. Бояд гуфт, ки дар ин самт корҳо беҳбудиро талаб карда, қариб дар ҳамаи шиору овезаҳо хатои имлоӣ ё техникӣ вуҷуд доранд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки аз ин дастурҳои тайёр дар вақти омода намудани шиору овезаҳо дуруст ва самаранок истифода намоянд ва Кумитаи забон ва истилоҳот тибқи имлои забони тоҷикӣ навишта шудани онҳоро пайваста зери назорат қарор диҳад.

Ғайр аз ин, аксари баннерҳо ва навиштаҷоте, ки бо санг дар талу теппаҳо ҷойгир шудаанд сари вақт таъмиру тармим карда намешаванд, рангпаридаву офтобзада мебошанд ва дар ҳолати бисёр ногувор қарор доранд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳамаи шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба вазъу ҳолати баннеру навиштаҷот таваҷҷуҳ зоҳир намуда, камбудиҳоро саривақт ислоҳ намоянд.

Маориф ва илм яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ буда, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Вобаста ба муҳимияти масъала Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ишора карданд, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.

Дар асоси ин таъкиди Сарвари давлат дар соҳаи маориф пешравиҳо ба назар расида, ба сифати таълим диққати бештар дода мешавад. Бо вуҷуди пешравиҳо дар ин соҳа мушкилоти ҳалталаб, ки таваҷҷуҳи пайвастаи масъулини соҳаро тақозо менамояд, ба мушоҳида мерасанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 66 мактаб-интернат мавҷуд аст. Дар онҳо кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҳолати буду бош ва вазъи санитарӣ, таъминот бо либосу хӯрокворӣ беҳ шуда бошад ҳам, азхудкунӣ ва сифати таҳсилот боиси нигаронист. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда аз таҳсил дур мондани хонандагони синфҳои 9 мебошад.

Мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти ваколатдор дар соҳаи маориф ҷиҳати рафъи ин мушкилот тадбир андешанд ва ҷалби наврасонро ба касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шакли фосилавӣ бештар намоянд. Аз соли таҳсили 2017-2018 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина ба ҳамаи онҳо дастур дода шуда буд, ки барои омода кардани барномаҳои таълимии электронӣ чораҳои ҳатмӣ андешида, нақшаю барномаҳои таълимии такмилёфтаи худро ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд. Мутаассифона, дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз таҳия ва тасдиқи нақшаҳои таълимии низоми таҳсилоти фосилавӣ ва харидории қисме аз таҷҳизот то ҳол ба татбиқи низоми мазкур шурӯъ накардаанд ва ё карда бошанд ҳам, ба талаботи имрӯзаи фосилавӣ ҷавобгӯ нестанд.

Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019, №103 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2019» зери назорат ва иҷрои Вазорати маориф ва илм  қарор дошта, дар робита ба талаботи он фармоиши вазири маориф ва илм аз 19.03.2019, №1696 вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019, №103 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” ба тасвиб расида, тибқи феҳрист ба сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.

Тибқи ин фармоиш таъкид гардидааст, ки то 20-уми майи соли 2019 корҳои сохтмонӣ, таъмиру тармим, таҷҳизонидани бино, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозию шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро дар истироҳатгоҳҳо ба анҷом расонида, бо мақсади таъмин намудани истироҳатгоҳҳо бо мутахассисон ҷиҳати ҷалби омӯзгорони дорои собиқаи зиёди корӣ ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ чораҳои ҳатмӣ андешанд.

Таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ташкили таътили тобистонаи мактаббачагон ҳамаи маводи дар боло номбаршуда дар истироҳатгоҳ мавҷуд бошад ҳам, фаъолияти роҳбарон ва мураббиёни истироҳатгоҳҳо ба таври рӯякӣ ташкил карда мешавад ва аз он истифода бурда намешавад.

Рафти омодагӣ ба истироҳати тобистона дар ноҳияҳои Кушониён, Вахш, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор аз тарафи кормандони дастгоҳи Вазорат мавриди санҷиш қарор дода шуда, натиҷааш қаноаткунанда нест.

Дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда коре дар самти таъмир, тармим ва ободонии истироҳатгоҳҳо ба анҷом расонида нашудааст. Аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағ ба нақша гирифта шуда бошад ҳам, ин маблағҳо ҷудо нашуда, боиси қафомонии кор дар ин истироҳатгоҳҳо  гардидааст. Ҳамчунин, аз таҳлилҳо бармеояд, ки тибқи нақша имсол бояд 2252 лагери истироҳатии беруназшаҳрӣ ва наздимактабиву варзишӣ-беҳдоштӣ ташкил карда шавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 адад зиёд мебошад.

Дар самти фаҳмондадиҳӣ оид ба раванди бақайдгирии такрории довталабон дар нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ мушкилоти муайян вуҷуд дорад. Тибқи рӯйхати тасдиқгардида, дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2019 вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон барои номнавис кардан дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрели соли 2019) дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 27 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Тибқи тартиби муқарраргардида шахсоне, ки марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ё азнавбақайдгириро мегузаранд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – рӯзҳои 18-ум ва 19-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд. Вобаста ба ин, аз рӯйи нақша даъватномаҳои шахсони зикргардида то 5-уми июл омода карда мешаванд.

Маркази миллии тестиро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни падару модарон ва довталабон вобаста ба марҳалаи қайди иловагӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷоннок намояд.

Дар соҳаи илми кишвар, низ проблемаҳои ҳалталаб зиёданд. Фаъолияти Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат беҳбудӣ мехоҳад. Теъдоди ҳимоякунандагони диссертатсияҳо ва дорандагони дипломҳои дараҷаҳои илмӣ меафзояд, аммо олимони ҳақиқӣ мутаассифона ангуштшуморанд. Вазъ ва рушди илм дар ҷумҳурӣ таҳлилу муҳокимаи алоҳидаро хоҳон аст.

Ҳоло мехоҳам қайд намоям, ки яке аз ниҳодҳои  муҳимми илмӣ-тадқиқотии кишвар, ки вазифаи он таҳлил ва муайян намудани вазъу набзи ҷомеа мебошад, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин самт Маркази тадқиқоти стратегиро зарур аст, ки корҳоро ҷоннок намояд ва бо омода намудани пурсишномаҳои гуногун вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа дар байни қишрҳои мухталифи аҳолӣ мунтазам тадқиқоти сотсиологӣ гузаронад.

Дар соҳаи тандурустӣ беҳбудӣ ба мушоҳида расида, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо сохта ба истифода дода шуда истодаанд. Шиддати бемориҳои сироятӣ паст рафта, фавти модару кӯдак кам шуда, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маротиб боло рафта истодааст. Дар ин бора Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид”. Дар ҳақиқат ин нишондиҳандаҳои мусбат моро муаззаф менамоянд, ки боз ҳам бештар фаъолият намоем ва ба комёбиҳои бештар насиб гардем. Бо вуҷуди он яке аз масъалаҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад, вазъи ташвишовари вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад. Аз шумораи умумӣ 64,8 фоизро мардон ва 35,2 фоизро занон ташкил дода, бо роҳи гузариши алоқаи ҷинсӣ 54,9%, бо роҳи тазриқӣ 33,0%, аз модар ба кӯдак 4 фоиз, бо роҳи номаълум 8,1 фоиз сироят ёфтаанд.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳоро дар ин самт боз ҳам таҳким бахшанд ва ҷиҳати пешгирии ин бемории сироятӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати паҳншавии сирояти мазкур, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдор, аз ҷумла корҳои иттилоотонии шаҳрвандон дар ин самт нокифоя мебошад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли бояд якҷо бо Кумитаи телевизион ва радио ҷиҳати ба навор гирифтани роликҳо ва пахши мунтазами онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ тадбир андешад.

Дигар аз проблемаҳои соҳаи тандурустӣ, ки таваҷҷуҳи масъулинро мехоҳад, вазъи ташвишовари бемории нашъамандӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи таҳлили ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои табобатӣ маълум карда шуд, ки шумораи умумии нафарони гирифтори бемории нашъамандӣ, ки дар қайди тахассусӣ меистанд, дар се моҳи соли 2019, дар ҷумҳурӣ 5808 нафарро ташкил дода, 64 ҳолати он бори аввал ба қайд гирифтани бемории нашъамандӣ мебошад.

Дар ин самт низ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотонии аҳолӣ оид ба оқибатҳои манфии нашъамандӣ, алалхусус байни ҷавонон кам ба назар мерасанд. Вазорат бояд якҷо бо кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешад.

Масъалаи муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он паст намудани сатҳи бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар маҳсуб ёфта, мунтазам таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, давоми солҳои 2014 – 2018 ва семоҳаи якуми соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 382567 адад ҷойҳои кории доимӣ, таъмин карда шудааст. Тайи солҳои 2012 — 2017 захираҳои меҳнатии кишвар бо суръати миёнаи ҳарсолаи 1,8 то 2,0 фоиз афзоиш  ёфта, аз 4796 ҳазор нафари соли 2012 ба 5326,0 ҳазор нафар дар соли 2017 расидааст. Дар ин давра захираҳои меҳнатӣ    530,0 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст, ки он 11,0  фоизро ташкил медиҳад.

Барои таъмини ин қувваи корӣ ба бозори меҳнат воридгардида проблемаи асосӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад Вобаста ба ин, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Табиист, ки дар шароити имруза мо ба интиқоли қисме аз қувваҳои кории мамлакат ба хориҷи кишвар эҳтиёҷ дорем. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бо мақсади истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар хориҷи кишвар ва таъмини диверсификатсия (гуногунсамтӣ)-и муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида истодааст. Санадҳои баимзорасида ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ будубош ва фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ҳамчунин тақвияти робитаҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ равона гардидаанд.

Бинобар ин зарур аст, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо корро дар ин самт идома дода, ба касбомӯзӣ ва омодасозии пешазсафари муҳоҷирони меҳнатӣ аҳаммияти асосӣ дода, раванди бокортаъминсозии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷа тақвият диҳад.

Соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҷанбаи муҳимми дигар низ дорад, ки бояд аз мадди назари масъулин дур набошад. Ин проблемаи дар алоқаи доимӣ будани падару модарон бо фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордоштаи худ мебошад. Маълум аст, ки аксари ҷавононе, ки сатҳи худшиносии миллиашон заиф буда, дониши кофии сиёсӣ надоранд, маҳз дар қаламрави Федератсияи Россия, яъне ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми таблиғоти ифротгароёни динӣ афтода, ба Сурия рафтаанд ва ба гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ҳамроҳ шудаанд. Аз ин рӯ, робитаи доимии падару модарон, аҳли оила ва умуман хешовандон бо ҷавонони ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта хеле муҳим буда, аҳаммияти сиёсиву идеологӣ дорад. Вобаста ба ин мақомоти дахлдори марказӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ба ин проблема таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, онро зери назорат қатъӣ гиранд.

Фарҳанг ҳамчун василаи камолоти маънавии инсон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмашон ишора намуданд, ки “Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем”. Дар ин асос барои рушди соҳаи фарҳанг заминаҳои воқеӣ фароҳам омада, дар шаҳру ноҳияҳо теъдоди муассисаҳои фарҳангӣ рӯ ба афзоиш доранд. Дар ин самт инчунин заминаҳои ҳуқуқии  рушди соҳа муҳайё шуда, як  қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва зиёда аз 10 барномаи соҳавӣ қабул гардиданд.

Новобаста ба ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар таъмиру азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ камташаббус мебошанд. Имрӯз 103 бинои муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ ва 454 дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд.

Гузашта аз ин, супориши Сарвари давлат оид ба ташкили мактабҳои мусиқӣ дар назди қасрҳои фарҳанг ноиҷро монд, ки вобаста ба ин Вазорати фарҳангро зарур аст, ки тадбирҳои амалӣ андешад.

Саҳми кормандони китобхонаҳои оммавӣ дар тарғиби китоб ва китобхонӣ назаррас нест. Фонди китобии китобхонаҳо заиф буда, китобҳои тозанашр бо теъдоди кам харидорӣ мешаванд.

Нигоҳдорӣ ва муҳофизати объектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳимми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ хеле хуб изҳор доштанд, ки “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.»

Мутаассифона имрӯз аксари ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Махсусан шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, Саразм, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” ҳамчун мероси нодири фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ба ҳифзу нигоҳдошт ниёз доранд. Аз ин лиҳоз Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҷиҳати нигоҳубин ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори умум, махсусан наврасону ҷавонон, аҳаммияти хоса касб намуда, таъмини амнияти иттилоотӣ ба масъалаи муҳимми ҷомеа табдил ёфтааст. Ин аст, ки Роҳбари давлат ба ин проблема таваҷҷуҳи ниҳоят ҷиддӣ зоҳир карда, соли ҷорӣ ду маротиба — дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократӣ ва дар мулоқот бо намояндагони ВАО-и давлатӣ ба таври муфассал ибрози ақида намуданд ва дар назди масъулин соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Вобаста ба ин ҳоло мехоҳам ба чор ҷанбаи фаъолияти ВАО-и кишвар дахл намоям.

  Якум, оид ба вазъ ва сатҳу сифати нашрияҳои маҳаллӣ. Сатҳу сифати маводҳои нашрияҳои маҳаллӣ дар сатҳи паст қарор дошта, мавзӯъҳое матраҳ карда мешаванд, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ нестанд. Масалан, рӯзномаи ноҳияи Балҷувон дар саҳифаҳои худ ҳадису оятҳоро чоп мекунад, ҳол он ки барои хонандаи имрӯза бояд бештар проблемаҳои рӯзмарраи ҳаётӣ инъикос карда шаванд.

Имрӯз, мутаассифона, дар нашрияҳои маҳаллӣ проблемаҳои зиёде, аз қабили нарасидани мутахассисони маҳаллии ҷавон,  беҳтар кардани шароити базаи моддиву техникӣ, нарасидани маводи чопӣ ва ғайраҳо мавҷуданд, ки роҳи ҳалли худро мехоҳанд.

Дуюм, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор ҳастанд, ки иҷрои фармони рақами 622 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО” –ро таъмин созанд. Аммо дар аксари маврид ҷиҳати иҷрои он камтаваҷчуҳӣ зоҳир мешавад.

Сеюм, вазъи фиристандаҳои мавҷпахшкунанда бояд ҳамеша дар мадди назари, на танҳо Кумитаи телевизиону радио, балки қабл аз ҳама мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад. Тавре омӯзиш ва таҳлили вазъ нишон медиҳад, бояд мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нисбат ба пахши барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ диққати махсус дода, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ ба барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.

Феълан дар ҷумҳурӣ 585 истгоҳҳои таҷҳизоти қабулкунанда ва фиристандаи мавҷҳои телевизион ва радио фаъолият доранд, ки аз онҳо 286 дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар, аз ҷумла 148 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 109 дар вилояти Суғд, 19 дар вилояти Хатлон ва 10 дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Дар истгоҳҳои мазкур 1372 фиристандаҳои мавҷҳои телевизиониву радиоӣ насб карда шуда, аз онҳо 1180 барои пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, 14 барои телевизионҳои давлатии маҳаллӣ, 154 барои радиоҳои ҷумҳуриявӣ, 2 барои радиоҳои давлатии маҳаллӣ ва 22 барои пахши рақамӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки на ҳамаи ин фиристандаҳо дар шароити мусоид ҷойгир карда шудаанд, ки ин ба вазъи техникии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ба таври мисол, истгоҳҳои радиотелевизионии деҳаҳои Даштиҷуми ҷамоати деҳоти Даштиҷум, Кафтар ва Шаҳри барбари ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки масъулияти таъмири онҳо ба мақомоти маҳаллӣ вогузор гардидааст, умуман ба талаботи истифодаи техникӣ ҷавобгӯй набуда, чунин ҳолат боиси зуд-зуд аз кор мондани фиристандаҳо мегардад. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии аҳолӣ аз истгоҳи радиотелевизионии Баҳор ба роҳ монда шудааст. Дар истгоҳи мазкур 4 фиристандаи пахши телевизион ва як фиристандаи пахши радио насб гардидааст. Сатҳи фарогирӣ дар ҷамоати деҳоти Фирӯза хуб буда, ҷамоатҳои Наврӯз ва Истиқлол ташвишовар боқӣ мемонад. Чунин вазъро дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар умум барои ислоҳи вазъи нигоҳдории фиристандаҳо ду проблемаи асосӣ вуҷуд дорад: сохтани биноҳои махсус ва кашондани хатти барқ.

 Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дар шароити мусоид нигоҳ доштани фиристандаҳо биноҳои техникиро тибқи талаботи муқарраргардида сохта ва ба истифода дода, ҷиҳати кори бетаваққуфи фиристандаҳо онҳоро бо хатти барқи доимӣ таъмин намоянд.

Чаҳорум, проблемаи обуна ба нашрияҳо ва махсусан дастрас намудани рӯзномаву маҷаллаҳои марказӣ ба шаҳру ноҳияҳо. Обуна на танҳо ба нашрияҳои маҳаллӣ, балки ба нашрияҳои соҳавӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ дар маҳалҳо бояд васеъ ба роҳ монда шавад, то ин ки мутахассисони маҳаллӣ аз онҳо барои худ маълумоти наву тоза гирифта, сатҳи касбияти худро баланд намоянд. Масъалаи дигари ташвишовар дастрас намудани нашрияҳои марказӣ ба шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар ин самт фаъолияти Почтаи тоҷик, ки масъули саривақт дастрас кардани маҷаллаву рӯзномаҳо ба муштариён мебошад, тамоман қаноатбахш нест. Аз ҷониби Почтаи тоҷик нашрияҳо хеле дер ба шаҳру ноҳияҳо мерасанд, ки ба талаботи имрӯзаи суръати паҳншавии иттилоот куллан ҷавобгӯ нест. Дар замони кунунии зудтағйирёбанда маводҳои имрӯз чопшуда, аллакай пагоҳ куҳна шуда, моҳият ва таъсири худро аз даст медиҳанд.

Роҳбари давлат ба рушди варзиш ва оммавигардонии он эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 9835 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 6991 майдончаҳои варзишӣ, 1766 толорҳои варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 791 маҷмааҳо, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд. Мутаассифона, кам будани шумораи марказҳои ҷавонон дар ҳудуди кишвар, надоштани шароити корӣ ва имкониятҳои худтаъминкунӣ фаъолияти марказҳои ҷавонон ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст.

Мавзӯи зан ва оила ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дошта, ба ин масъала диққати хос дода мешавад. Аммо дар ин самт проблемаҳо вуҷуд доранд, ки вазнинтарини онҳо фоҷиаи худкушӣ ба шумор меравад.         Дар соли 2018, 542 худкушӣ рӯй додааст, ки нисбат бо соли 2017 (498 ҳодиса) 44 ҳодиса афзоиш ёфта, дар се моҳи соли 2019 137 ҳодиса ба вуқӯъ пайвастааст. Дар 4 моҳи соли 2019 дар умум 191 нафар худкушӣ кардааст, ки аз ин шумора 88 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз он ҷумла: ВМКБ- 1 нафар зан; Хатлон – 30 нафар зан; Суғд – 42 нафар зан; шаҳри Душанбе- 2 нафар зан; НТҶ- 13 нафар зан.

Сабабҳои ҳолатҳои худкушӣ дар 3 моҳи соли 2019 вазъи мушкили иқтисодӣ, хушунати хонаводагӣ, бемории рӯҳӣ, муноқишаи оилавӣ арзёбӣ гардида, он бо роҳи худовезӣ, истифодаи силоҳ ва корд, заҳролудшавӣ, худсӯзӣ, ғарқшавӣ ва дигар роҳҳо амалӣ гаштааст. Дар ин росто дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва фаъол гардонидани кори Кумитаи кор бо занон ва оила зарур аст. Мавзӯи мазкур ба амалӣ намудани  тадқиқоти алоҳидаи  сотсиологӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустӣ, равоншиносон ниёз дорад. 

Ҷойи зикр аст, ки “Дастурамали тавсиявии либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бо қарори Вазорати фарҳанг тасдиқ шудааст) ва “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2018, №14/32 тасдиқ шудааст) дуруст риоя карда намешавад.

Вобаста ба ин Кумитаи кор бо занон ва оиларо зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба шакли фарогир ва пайваста якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо пурзӯр намояд.

Ҳамзамон пешниҳод менамоем, ки “Дастурамали тавсиявии либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риоя карда шавад.

Дар паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ҳадаф аз онҳо на танҳо тараққӣ ва густариши самтҳои мазкур, балки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ мебошад. Ҷиҳати ба ин ҳадафҳо расидан, пеш аз ҳама сохторҳои зарурии соҳаи сайёҳӣ бояд фаъол бошанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшҳо ё шуъбаҳои сайёҳӣ вуҷуд надоранд.   Ҳамзамон, Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд харитаҳои сайёҳии мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб, инчунин макони дақиқи ҷойгиршавии меҳмонхонаҳоро бо нишон додани тамоми маълумоти мушаххас оид ба онҳо таҳия мекард. Мутаассифона ин супориш то ҳол дар сатҳи зарурӣ иҷро нашудааст.

Аз ин рӯ, ба Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  супориши иловагӣ дода мешавад, ки ҳар чи зудтар харитаҳои сайёҳии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро омода намуда, ҷиҳати паҳнкунӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод намоянд. Инчунин, барои тақвияти фаъолият мебояд аз тамоми воситаҳои тарғиботӣ: сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои телевизион ва радио, нашри маҷаллаҳои махсус барои сайёҳон ва буклетҳо истифода намуд.

Яке аз василаҳои муассири оммавикунонӣ ва таблиғу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла дар байни сайёҳони хориҷӣ, баргузор намудани фестивалу озмунҳо бо иштироки қишрҳои васеи ҷомеа мебошад. Бинобар ин 13 декабри соли 2018 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои мардумӣ” ба тасвиб расид, ки тибқи он дар муддати як сол, дар рӯзҳои шанбеву якшанбе 30 адад фестивалу озмунҳо гузаронида мешаванд.

То имрӯз низомномаҳои қариб ҳамаи фестивалу озмунҳо ба тасвиб расида, бо Дастгоҳи иҷроия мувофиқа гардидааст ва  ба ҳолати имрӯза 13 чорабинӣ гузаронида шудааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки се давраи фестивалу озмунҳо дар сатҳи зарурӣ баргузор нашуда истодаанд, ки вобаста ба ин ҳам мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам мақомоти дахлдори ҳокимияти марказӣ  камтаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд.

Фестивали атласу адрас, ки 2 июни соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав баргузор гардид, бисёр сатҳӣ, бе иштироки намояндагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои касбӣ-техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир карда шуд. Танҳо намояндагони вилояти Суғд дар фестивал ширкат варзида, бе рақобат қариб тамоми диплому ифтихорномаҳоро соҳиб шуданд. Бояд хотирнишон сохт, ки ҳадафи Сарвари давлат аз баргузории ин фестивалу озмунҳо рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маънавиёти омма аст. Аз ин лиҳоз, ба ин фестивалу озмунҳо бояд мо ба таври ҷиддӣ муносибат намоем ва дар иҷрои самараноки амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ созем.

Соли 2021 кишвари мо ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамояд. Вобаста ба ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 қабул шудааст, ки тибқи он ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳимми таърихӣ корҳои ободониву созандагӣ дар саросари мамлакат беш аз пеш вусъат меёбанд. Лозим ба ёдоварист, ки аксарияти иншооти бунёдшаванда хислати иҷтимоӣ дошта, ба хизмати оммаҳои васеи мардум гузошта мешавад.

Аз ин рӯ, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба хотири амалӣ намудани ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро бояд  андешанд, то супориши Роҳбари давлат сари вақт ва бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расад. Бояд хотирнишон сохт, ки дар моддаи якуми Конститутсияи кишвар дарҷ шудааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”.

Барои ба ин мақсади наҷибу созанда расидан мо бояд аҳлона заҳмат кашем, тамоми мушкилоту монеаҳоро дар роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ собитқадамона ҳаллу фасл намоем. Зеро ҳадафи аслии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам ободу зебо намудани Тоҷикистони азиз ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани некӯаҳволии кулли шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Бовар дорем, ки мо якҷоя бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо аз ӯҳдаи ин супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат мебароем ва Тоҷикистони азизро ба як кишвари пешрафта табдил медиҳем.

Июнь 22, 2019 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода