Аз 13 то 16 июн дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мегардад

Июнь 10, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 10.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз  13 то 16 июни соли равон  вобаста ба баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, барои ҳаракати нақлиёт дар пойтахт  баъзе маҳдудиятҳо амалӣ карда мешавад.  Дар ин бора Раёсати Бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо маҳдудияти ҳаракати нақлиёт тавассути  кӯчаву хиёбонҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М.Турсунзода, У.Хайём, Ҳувайдуллоев, Ганҷавӣ, Карамов ва М.С.Алии Ҳамадонӣ, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Лахш ба роҳ монда мешавад.

Аз  сокинон ва меҳмонони пойтахт  хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тавассути кӯчаҳои Зубунисо, Дӯстии Халқҳо, Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғ.Валаматзода, М.Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо, Ҳ.Шерозӣ ва дигар роҳҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд.

Июнь 10, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон