«Бархе аз кишварҳои дунё дар орзӯи як рӯзи оромӣ ва ташнаи сулҳ ҳастанд»,-мегӯяд корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ Фирӯзи Рамазон дар иртибот ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Июнь 26, 2019 11:37

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Инак 22 сол мешавад, ки аз боғи пурсамари Ваҳдати миллӣ нашъа мебарему  зери осмони  софи Ватан паҳлуи ҳам барои фардои дурахшони он  камари ҳиммат бастаем. Оре, маҳз 27 июни соли 1997 баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ  дар  Тоҷикистон  зиндагии осоиштаи мардум таъмин гардид. Тифлаконе, ки дар ин сол ба дунё омаданд, акнун ҷавонони баркамол гардиданд. Мо насли калонсол вазифадорем, ки ба насли ҷавони мамлакат моҳияти ин сулҳро  фаҳмонем ва барои  чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани он  барояшон  намунаву раҳнамо гардем. Дар ин бора андешаҳои  корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фирӯзи РАМАЗОН   пешниҳоди хонандагони сомона  мегардад.

— Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон  воқеан ҳам насли хушбахти замонанд,  ки дар замони сулҳу осоиштагӣ ба воя мерасанд. Оқибатҳои фоҷеабори солҳои ҷанги шаҳрвандиро танҳо аз тариқи телевизион дидаанду аз нақли насли калонсол шунидаанд. Онҳо дар бораи наҳси ҷанг аз  хабарҳои кишварҳои ҷангзада, аз қабили Ироқу Шом ва Сурия тариқи воситаҳои ахбори омма  хабардор мегарданд. Ҷавонон  баръало мушоҳида менамоянд, ки чӣ гуна шаҳрвандони бегуноҳ ва бесарпаноҳ дар ин ҷангҳо ранҷу азоб дида, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Чанд сол қабл акси бачаи сесолаи суриягӣ, ки  ҳангоми муҳоҷират дар баҳр ғарқ гардида, ба ҳалокат расида буд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, ҳазорон ҳазор нафар аҳолии ҷаҳонро дидагирёну мушавваш гардонид. Бо дидани ин акси ҳузангез мардуми олам  ба ҷангҷӯён нафрат хонданд.

Бояд гуфт, ки замоне ин давлатҳо чун гаҳвораи тамаддуни ҷаҳонӣ машҳур буданд ва шаҳрвандони он  дар фазои орому осуда зиндагии шоиста доштанд. Вале бо пайдоиш ва густариши ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ суботи ин ҷомеаҳо халалдор гашта, аҳолии осоишта қурбони низоъҳо гардиданд ва нисфи зиёди шаҳрвандон ба кишварҳои дигар гуреза шуданд. Бо гузашти чандин солҳо ҳанӯз ҳам барои ин кишварҳо муяссар нашудааст, ки оташи ин ҷангро хомӯш созанд.

Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии нарасидан ба сулҳ дар ин кишварҳо, вуҷуд надоштани пешвои сиёсӣ ва мардумӣ мебошад. Дар ин кишварҳо шахсияти барҷастае пайдо намешавад, ки мардум аз паси ӯ бираванд. Пешво ва сарваре пайдо намешавад, ки аксари шаҳрвандон ба суханонаш гӯш диҳанд ва идеяҳои ӯро ҷонибдорӣ намоянд, дар атрофаш мутаҳҳид гарданд. Ҳанӯз ҳам дар ин кишварҳои ҷангзада фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад.

Аз ин рӯ, ба ин манзараҳо нигариста, бояд шукрона кунем, ки дар  роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон  фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик амали бузургро анҷом доданд. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Мусаллам аст, ки тамоми пешравиҳо ва рушду инкишофи ҷомеа аз сулҳу субот вобастагӣ дорад. Маҳз фазои ороми  мамлакат имкон медиҳад, ки кӯдакону наврасон дар шароити мусоид ва ҷомеаи солим тарбия ёфта, ба камол расанд. Ҷавонон таҳсили хуб гирифта, зарфиятҳои зеҳнии бузург, ки неруи асосии давлат ба ҳисоб мераванд, пайдо шаванд ва дар хидмати давлату ҷомеаи худ қарор гиранд. Дар чунин ҳолат  тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пешрафт мекунад.

Бо гузашти замон аз санаи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва таҷлили ҳар сола  аз ҷашни Ваҳдати миллӣ моро водор месозад, ки моҳияти ваҳдату ягонагиро беҳтару бештар дарк намоем. Ба қадру қимати сулҳу оромӣ бирасем. Тоҷикистони мо ганҷинаҳои бениҳоят зиёд дорад, аммо аз ҳама неъмати бебаҳои миллату давлати мо ин сулҳу ваҳдат дар мамлакат  мебошад.

Пӯшида нест, ки ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои манфатҷӯ сулҳу оромии ҷумҳурии  моро намехоҳанд ва ба ҳар восита кӯшиш менамоянд, ки  амнияти ҷомеаро халалдор созанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи мо ва махсусан ҷавонони закии моро зарур аст, ки баҳри ҳифз ва пойдории сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни тамоми бошандагони Тоҷикистони азиз талош варзанд. Бархе аз кишварҳои дунё дар орзӯи як рӯзи оромӣ ва ташнаи сулҳ ҳастанд, зеро қариб рӯзе нест, ки бе қатлу куштор ва бе гиряи кӯдакону занон сипарӣ шавад.

Раванди низоъҳои дохилидавлатии кишварҳои Шарқи наздик, эътирозҳои пай дар пайи шаҳрвандон дар кишварҳои Ғарб баёнгари мушкилоти ҷадиди инсоният ва таҳдиди бевосита ба амнияти давлатҳо дар замони муосир мебошад. Шароити ҷаҳони зудтағийрёбанда тақозо менамояд, ки давлатҳои миллӣ баҳри амнияти пойдор ва сулҳу оромӣ дар кишвар беш аз пеш таваҷҷуҳи хосаро зоҳир намоянд, зеро омилҳои низоъбарангез, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ва тибқи нақшаҳои давлатҳои абарқудрат ба хотири ноором сохтани вазъияти як кишвар ва минтақа равона шудаанд, ҳанӯз ҳам давом дорад. Пӯшида нест, ки вазъияти пурихтилофи кишварҳои Шарқи наздик ва Афғонистон,  агар барои мардуми ин давлатҳо фоҷиаи бузург ва боиси талафоти ҷониву молӣ бошад, аз тарафи дигар барои гурӯҳҳои алоҳида он ба сифати воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки тамоми кӯшишу заҳмати худро бар он равона созанд, ки сулҳи пойдор дар Ватани маҳбубамон ҷовидон бошад. Танҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар мо метавонем зиндагии шоиста дошта бошем.

Чуноне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.Бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад. Ҳар яки шумо шоҳиди воқеаҳое мебошед, ки вақтҳои охир дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар идома доранд. Дидани вазъи гурезаҳое, ки барои наҷоти ҷони худ аз Сурия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Туркия фирор мекунанд, ҳар шахси солимфикру бовиҷдонро ба риққат меорад.

Дар ин робита Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «ин ҳодисаҳо ҳар яки моро водор месозанд ба хотир орем, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буданд. Шумо, ҷавонон, бояд он рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиаборро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш насозед».

Июнь 26, 2019 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»