ЧӢ ТАВР БОЯД ХУДРО АЗ ГАРМИИ ЗИЁД ДАР ФАСЛИ ТОБИСТОН ЭҲТИЁТ КАРД? Хабарнигори АМИТ «Ховар» тавсияҳои муфиди мутахассисонро дар ин бобат пешниҳоди хонандагон менамояд

Июнь 5, 2019 08:26

ДУШАНБЕ, 05.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Инак, фасли тобистон ҳам фаро расид. Тобистон бо гармӣ,  истироҳату  меваҳои шаҳдбораш  фасли зебову дӯстдоштанист. 

 Аммо аз  меъёр  боло рафтани ҳарорати ҳаво дар ин фасли сол ба инсон таъсири манфӣ   мерасонад.  

Пас чӣ тавр бояд  худро аз шуълаҳои сӯзони офтоб ва гармии тоқатфарсои  фасли тобистон эҳтиёт кунем? Мухбири АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, тавсияҳои муфиди мутахассисони  соҳаро пешниҳоди хонандагони сомона мегардонад. 

Гармии аз ҳад зиёди ҳаво ба саломатии одамон,  бахусус калонсолон таъсири зиёд дорад. Аз ин сабаб табибон ҳангоми  баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони  мамлакат тавсия медиҳанд, ки дуру дароз зери шуъоҳои сӯзони офтоб наистанд. Зеро онҳо метавонад ба бемории гармозадагӣ  гирифтор шаванд. Бар асари гирифтор шудан ба ин беморӣ таби бадани инсон  баланд мешавад. Инчунин дар ҳавои гарм, зери офтоб зиёд истодан, ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо дар он,  инчунин дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.

Ба гуфтаи  духтури қалбшиноси Маркази саломатии №13-и шаҳри Душанбе Наимҷон Бобохонов, меъёри бароҳати ҳарорат барои организми одам 15-25 дараҷа мебошад. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои гарми тобистон ҳар як шахс бояд саломатии худ ва наздиконро эҳтиёт намояд. Чунки инсон ҳамчун объекти биологӣ шароити муайяни фаъолияти организмро дорад. Ҳарорати ҳаво низ нишондоди муҳими физикӣ мебошад, ки дар ҳошияи муайяни ин нишондиҳанда организми инсон метавонад ба таври дуруст фаъолият кунад.

Ба гуфтаи мутахассис, ҳарорати баланд барои гирифторони бемории диабети қанд мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад.

Бояд зикр кард, ки бештари гирифторони бемории диабети қанд ҳамчунин ба дигар бемориҳои музмин гирифторанд, ба мисли фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемикии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо. Аз ин рӯ, ҳамаи ин бемориҳо ба якдигар таъсир намуда, хурӯҷи яке аз онҳо метавонад ба авҷгирии бемориҳои дигар боис шавад.

Ба гуфтаи Н. Бобохонов, дар чунин гармои шадид муроҷиат ба табибони дилшинос аз ҷониби беморони гирифтори бемориҳои музмини системаи дилу рагҳои хунгард зиёд мешавад.

«Дар ин айём мо, табибон ба беморон, қабл аз ҳама, чунин маслиҳатҳо медиҳем: дар мадди аввал то ҳадди имкон дар соатҳои офтобӣ ба берун набароянд, яъне бештари рӯзро дар дохили биноҳо гузаронанд. Инчунин зиёд об нӯшанд, албатта, оби ҷӯшонидашуда ё чойи тунук. Агар имконият бошад, дар айёми гармӣ ба рухсатии меҳнатӣ бароянд, беҳтараш ба деҳа ё осоишгоҳҳою хонаҳои истироҳатӣ раванд. Аммо тавсияи аз ҳама муҳим- ин ба таври ҳатмӣ ва сари вақт истеъмол намудани доруҳое мебошад, ки табиби муолиҷавӣ ба чунин беморон тавсия додааст»,- афзуд  Н.Бобохонов.

Дар пеш моро   рӯзҳои гармтарини фасли тобистон интизор аст, дар ҳолати беэҳтиётӣ кардан шахс метавонад ба ҳар гуна   бемориҳо дучор шавад.

Ҳарорати баланд боиси афзудани бемориҳои дарунравӣ миёни кӯдакон ва наврасон мегардад. Зеро дар натиҷаи гармии баланд кӯдакон баъзан обу нӯшокиҳои на ҳама вақт ҷӯшонидашуда, инчунин  баъзан меваю сабзавоти  гуногунро  ношуста  истеъмол мекунанд.

Муовини сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе Мунира Каримова  иброз намуд, ки гармо метавонад ба кӯдакони хурдсол таъсири бештар расонад. Зеро ҷисми кӯдакон бисёртар аз об иборат аст ва дар рӯзҳои гарм метавонад мубодила ва мувозинати оби организми онҳо вайрон шавад.

«Аз ин рӯ, аз ҳамаи падару модарон талаб карда мешавад, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунанд ва дар ҷойҳои салқин, аз ҷумла, сояи зери дарахтон, назди кӯл ва ё ҳавзҳои хонаҳои худ нигоҳ доранд, ки таъсири гармо ба узвҳои дарунӣ зиёд набошад. Бахусус ба кӯдакон тез – тез нӯшонидани об тавсия дода мешавад. Дар кӯлу ҳавзҳо  ҳангоми гармии рӯз оббозӣ  кардан тавсия дода намешавад», -илова  намуд номбурда.

«Фасли гармо ин  муҳити созгор  барои микроорганизмҳоеcт, ки ба гармӣ тобоваранд ва онҳо зуд афзоиш меёбанд. Ин фаслро мо, табибон фасли бемориҳои дарунравии шадиди меъдаю рӯда меномем. Чунки дар ин фасл ин бемориҳо  зиёдтар авҷ мегиранд ва гирифторони он меафзоянд. Ин  беморӣ бештар дар байни кӯдакони сину соли аз 1 то 5 сола  ба қайд гирифта мешаванд. Сабабҳои ба чунин ҳолат расидан — ин риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ мебошад», — зикр кард табиб.

Ба тавсияи табиб, дар рӯзҳои гарми офтобӣ одамон бояд аз обҳои тозае  истифода кунанд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои беҳдоштӣ бошанд. Нӯшидани оби зиёд барои пешгирии беобшавии ҷисм мусоидат мекунад. Ҳамзамон тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои гарми тобистон аз истеъмоли хӯрокҳои зуд вайроншаванда худдорӣ бояд кард. Бештар меваҳои тару тоза ва шарбатҳои мевагиро истифода кардан бамаврид аст.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2019 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд