Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон имсол 1 ҳазору 556 нафар мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббиро тайёр намуд

Июнь 11, 2019 12:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имсол  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро  1 ҳазору 556 нафар донишҷӯён бомуваффақият хатм намуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин донишҷӯён соҳиби маълумоти олии касбӣ аз рӯи 5 ихтисос гардиданд, ки аз ин шумора 123 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 7 кишвари дунё  мебошанд.

Дар маросими  тантанавии супоридани дипломҳои донишҷӯёни донишгоҳ, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро бомуваффақият супоридаанд,  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода, Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода, ҳамчунин ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва волидони хатмкунандагон иштирок намуданд.

Н.Олимзода зимни ироаи таманниёти табрикӣ ба хатмкунандагон иброз намуд, ки хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ барои онҳо мояи ифтихор аст. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамасола дар баробари донишҷӯёни ватанӣ, шаҳрвандони ҳориҷӣ низ донишгоҳро хатм менамоянд, ки ин далели дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани мавқеи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Ҳамчунин Ректори донишгоҳи мазкур профессор Маҳмадшоҳ Гулзода донишҷӯёни хатмкунандаро барои анҷоми бомуваффақияти донишгоҳ таҳният намуда, бо таваҷҷуҳ ба мавқеи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар омода намудани кадрҳои тиббии кишвар зикр  намуд, ки донишгоҳ тӯли 80 соли фаъолияти босамар бештар аз 43000 мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббиро тайёр намудааст ва онҳо на танҳо дар дохили мамлакат, ҳатто берун аз он низ маъруф гардидаанд.

Инчунин М.Гулзода   бо муроҷиат ба хатмкунандагон таъкид намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатми донишгоҳ ин маънои хотима не, балки давомнокӣ ва оғоз намудани роҳ ба сӯи илм, ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши муҳимтарини касбӣ интизор аст.

Ректори донишгоҳ бо боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон аз уҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва тандурустӣ бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.

Июнь 11, 2019 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст