ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ДОНАЛД ТУСК ҶОНИБДОРИ СУБОТИ СИЁСИИ САЙЁРА. Андешаҳои муҳаққиқ Бахтиёри Қутбиддин дар ҳошияи сафари Президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон

Июнь 1, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 01.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сафари Президенти Шӯрои   Аврупо 29-30 майи соли равон боз як воқеаи муҳими байналхалқӣ дар ҳаёти Тоҷикистон аст. Ин сафари Доналд Туск бозгӯи як паҳлӯи мусбати мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқист. Аввалин ва муҳимтарин хулосаву бардошти ӯ нисбат ба Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ чунин буд, ки дар як они воҳид дар саҳифаҳои аксар расонаҳо нашр гардид: «Тоҷикистон барои Иттиҳоди Аврупо шарики муҳим мебошад».

Чунин нигоштааст мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Бахтиёри Қутбиддин дар матлаби худ, ки онро ба сомонаи АМИТ «Ховар»  пешниҳод намудааст. Номбурда дар мавзӯи мавриди назар чунин ибрози андеша   мекунад:

— Тавре аз матолиби  расонаҳои хабарӣ  бармеояд, боздид ва суҳбати хосаи Доналд Туск бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷабахшу самимӣ буданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи ИА-ро ҷалб намудааст. Роҳбари давлати мо ва сиёсати дурусту оқилонаашон такрор ба такрор аз забони ин шахсияти шинохтаи сатҳи байналхалқӣ зикр гардид.  Самарабахшу мусбат будани сиёсати хориҷӣ ва нақши байналхалқии Тоҷикистонро дар нишасти матбуотӣ мавсуф чунин баён кард: «Сафари ман пас аз қабул шудани стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашта истодааст. Ман аввалин Президенти Шӯрои Аврупо мебошам, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорам ва ин нишондиҳандаи ҷонибдории ҳамкории қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон мебошад».

Ҷониби Тоҷикистон низ ин равандро эътироф менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ зикр карданд, ки дар асоси эътимод ва муносиботи судманди тарафайн  «Имрӯз Иттиҳоди Аврупо аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад».

Ин равандро метавон натиҷаи сиёсати муваффақонаи хориҷии Тоҷикистон дар як муддати кутоҳ номид. Дар ҳақиқат, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд «ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо як даҳсола пеш ба имзо расидааст, ки дар ин муддат робитаҳои тарафҳо тақвияту тавсеа ёфтаанд».

Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо (ИА) созмони иқтисодиву сиёсиест, ки 28 давлатро дарбар мегирад. Он соли 1992 асос ёфта, 1 ноябри соли 1993 фаъолияти расмиро оғоз кардааст. Бо аҳолии панҷсадмиллионафара дар ҷаҳон иқтисоди қавиеро (тақрибан 23 фоизи иқтисоди ҷаҳонӣ – 21, 6 триллион доллар) соҳиб аст. Бонуфузтарин абарқудратҳои иқтисодии ҷаҳон аъзои ин Иттиҳоданд. Созмони мазкур иқтисоду сармояи умумии ин давлатҳоро ба вуҷуд оварда, асъори махсуси худро (евро бо шумули 12 давлат) соҳиб аст. Робитаи бидуни раводид дар ҳудуди ин давлатҳо ҷорӣ аст.

ИА санадҳо ва қонунҳои махсусро қабул намуда, назорати самтҳои махсуси иқтисодиву сиёсиро дар ҳудуди фарогир ба роҳ гузошта аст. ИА сиёсати махсуси худро дошта, уҳдадориҳо ва имкони хоси дахл намудан ба масоили байналхалқиро соҳиб мебошад. Бонуфузтарин созмону ташкилотҳои байналхалқӣ (СММ, СУС, Ҳафтгонаи бузург, Бистгонаи бузург ва ғ). дар ҳамкории зич бо ин созмон қарор доранд. Он дар тамоми ҷаҳон сиёсати дипломатии худро роҳандозӣ кардааст. ИА дорои институтҳои махсусе мебошад, ки ниҳодҳое чун Шӯрои Аврупо, Комиссияи давлатии Аврупо, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Суди Иттиҳоди Аврупо, Палатаи аврупоии ҳисоб, Бонки марказии Аврупо ва Парлумони Аврупоро фарогир мебошад. Институтҳои мазкур дар давоми фаъолияти худ соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидаанд.

Шахсияти Доналд Туск

Доналд Франтсишек Туск шахсияти шинохтаи сиёсист. Дар қазияҳо ва масоили мубрами байналхалқӣ нақши калидӣ дорад. Соли 1957 дар оилаи дуредгар дар шаҳри Гдански Полша таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи таърихи донишгоҳи Гданск мебошад. (соли 1980). Ӯ оиладор ва соҳиби як духтару як писар аст. Соли 2001 роҳбари ҳизби «Платформаи шаҳрвандӣ» мегарадад. Мавсуф панҷоҳу сеюмин Раиси Шӯрои вазирони Полша  буд, ки аз соли 2007 то соли 2014 дар ин мақом фаъолият кардааст. Аз моҳи декабри соли 2014 бо истеъфо додан аз мақоми сарвазирии худ дар Полша, Раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мегардад. Соли 2017 аз нав ба ин мақом интихоб мешавад.  Ҳунар ва завқи нависандагӣ дошта, муаллифи  чандин китобҳо аст. Соли 2005 дар интихоботи президентии Полша  иштирок намуда, баъди Лех Каченский бо 45, 96 фоизи овозҳо дар мақоми дуюм қарор мегирад. 21 октяби соли 2007 дар интихоботи парлумонии ғайринавбатӣ шумораи бештари овозҳоро ба даст меорад ва дар дебат бо Сарвазири онвақтаи Полша  Ярослав Качинский низ ғолиб меояд. Аз ин баъд дар шоҳроҳи сиёсат мавқеъ пайдо менамояд. Дар роҳандозии таҳримҳо ба муқобили баъзе кишварҳо нақши меҳварӣ дорад.

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ

Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ Д.Туск иброз дошт, ки   «Иттиҳоди Аврупо имрӯз омодааст, ки барои дастрасии Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупо кӯмак намуда, шароити зарурӣ фароҳам орад». Заминаи ин ҳамкориро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мусбату натиҷабахш баҳогузорӣ карда, то имрӯз кумаку маблағгузориҳои Иттиҳоди Аврупоро дар ҳаҷми қариб 800 миллион евро зикр намуданд. Дар нишасти матбуотӣ Президенти Шӯрои Аврупо дуруст таъкид кард, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, «Тоҷикистон байни Аврупо ва Осиё барои шарикии замонавӣ роҳҳои навро боз мекунад». Чунин ба назар мерасад, ки дар натиҷаи ин музокирот самтҳои нави ҳамкории  иқтисодӣ барои Тоҷикистон фароҳам меояд. Дар ин музокирот бахши иқтисодии ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон  мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Дар маҷмӯъ ин нуқтаро Роҳбари давлати Тоҷикистон дар заминаи ин музокирот чунин баён карданд: «Дар ин робита мо оғози раванди воридшавии Тоҷикистонро ба Барномаи имтиёзҳои иқтисодии Иттиҳоди Аврупо — «Ҷи Эс Пи Плюс» (GSP+), ки содироти молу маҳсулоти кишвари моро ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдор хоҳад кард, баррасӣ намудем».

Эмомалӣ Раҳмон ва Доналд Туск ҷонибдори суботи сиёсии сайёра

Тоҷикистон чун ҳамешагӣ бо мавқеи сулҳпарваронаву башардӯстонааш муқобилати худро алайҳи бадбахтиҳои аҳли сайёра маълум менамояд. Ин масъала аз ҷониби Пешвои миллат дар нишасти хабарӣ сареҳан баён гардид: «Мо нигаронии амиқи худро аз хатари густариши терроризму зуҳуроти экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонуни маводи мухаддиру қочоқи силоҳ, иброз доштем». Тоҷикистон ҳамеша бо мавқеи сулҳҷӯёнаи худ амну суботи минтақа ва ҷаҳонро хоҳон мебошад. Дар музокирот вазъи ташвишовари Афғонистон низ зикр гардид ва суботи Афғонистон барои тамоми ҷаҳон муҳим дониста шуд. Тоҷикистон ва ИА дар робитаи махсуси ояндаи худ масъалаҳои  муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризм, оқибатҳои талху марговари он, паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва қочоқи силоҳро ҳамчун ҳадафи имрӯзу оянда мавриди баррасӣ  қарор доданд. Пешвои миллат боҷуръатона бори дигар иброз доштанд, ки ягон қазияву муноқиша дар ҷаҳони муосир роҳи ҳалли низомӣ надорад.

 Экология ҳамчун масъалаи глобалӣ

Тоҷикистон ҳамчун давлати  ташаббускор нисбат ба масъалаҳои экологии сайёра шинохтаву эътироф шудааст. Ҷониби Тоҷикистон, ки дар саргаҳи манбаъҳои обҳои минтақавӣ қарор дорад, бори дигар изҳор намуд, ки манфиатдори истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои обии минтақа, ҳамчунин ҳифзи муҳити зисти он мебошад. Алаккай дар аввалин бародошти мушоҳидаҳои худ аз кӯли Сарез Д.Туск иброз дошт, ки ин кӯл ҳайратовару зебост. Наворҳо ва гузоришҳо бозгӯи он буданд, ки ӯ аз зебоиҳои табиати Тоҷикистон  ба ваҷд омадааст. Ҳамзамон, аз он боиси нигаронӣ кард, ки тағирёбии иқлим таъсири манфии худро ба ин табиати зебои мо гузоштааст. Манзури Д.Туск обшавии пиряхҳо дар натиҷаи тағирёбии иқлим мебошад. Аз ҷумла, дар атрофи ин кӯл об шудани панҷ пирях таассуфи амиқи ӯ буд. Ин натиҷа ва гувоҳи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар дарк кард, ки пешниҳоди Тоҷикистон вобаста ба масъалаи глобалии об муҳиму ҳушдордиҳанда аст. Ин ҳама огоҳӣ аз ояндаи фалокатбори экологӣ мебошад ва ҷомеаи ҷаҳониро барои наҷот даъват менамояд. Худи ҳамон рӯз Д.Туск дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора навишт ва бовар ҳосил намуд, ки тағирёбии иқлим масъалаи доғи рӯз аст, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили он мубориза барад.

Дар маҷмӯъ, аз ташрифи Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон чунин хулосаҳо ҳосил мешаванд:

1.Тоҷикистон ҳамчун мамлакати  демократӣ бо сиёсати дарҳои боз дар маркази таваҷҷуҳи бузургтарин созмонҳои байналҳалқӣ қарор дорад.

2.Сиёсати оқилона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллати моро ниҳодҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ омили аслии пешрафти Тоҷикистон медонанд.

3.Барои Тоҷикистон имкони равобити иқтисодӣ дар заминаи ин музокирот бештар мегардад.

4.Мавқеъ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ  амиқан эътироф намудааст.

5.Табиати зебои мо барои бузургтарин шахсиятҳои арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун макони диданиву хотирмон боқӣ мемонад.⠀

Июнь 1, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»