Имрӯз нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳрҳои Тошканд ва Хоразми Ҷумҳурии Ўзбекистон нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз мегардад, ки то 12 июн идома меёбад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Фестивали мазкур асарҳои композитори ҷавони тоҷик Зафар Турдалиев «Консертино барои оркестри калони симфонӣ», «Валс – фантазия барои оркестри калони симфонӣ» ва достони симфонии «Ҳулбук» муаррифӣ мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади тарғиби беҳтарин намунаҳои осори композиторони ҷавон, ҳавасмандгардонии жанрҳои мусиқӣ барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, инчунин густариши робитаҳои эҷодии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






