Мулоқоти муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо мушовири иқтисодии Президенти Фаронса

Июнь 7, 2019 13:38

ДУШАНБЕ, 07.06.2019 /АМИТ «Ховар»/.  6 июни соли равон  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Мушовири хоси Президенти Фаронса дар масъалаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лороро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои мутақобилаи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин  ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба  ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

Ҳавасмандии ҳарду ҷониб баҳузури бештари ширкатҳои фаронсавӣ дар Тоҷикистон ва ташкили тамосҳои мустақими доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар баён гардид.

Июнь 7, 2019 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд