Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон: «Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои аъзои МҲТБО маҳсуб мешавад»
ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ аз самтҳои муҳими ҳамкории мо маҳсуб меёбад. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти кишварҳои мо хисороти бузург мерасонанд. Дар ин робита, мо пешниҳод менамоем, ки василаҳои самарабахши расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд», — бо чунин пешниҳод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки имрӯз, 15 июн дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба масъалаи зикршуда ҷалб намуданд.
Президенти мамлакат ба иштирокдорони ҳамоиш ҳамчунин иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон низ, ки наваду се (93) фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофии худ, дар рӯ ба рӯи оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ, ки ҳар сол боиси зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ мегарданд, осебпазир аст.
«Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ – гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст (60) фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд», -изҳори ташвиш намуданд Президенти мамлакат.
Пешвои миллат дар ин робита таъкид намуданд, ки «ба ҳамагон маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ захираҳои обӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии экологии минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа танҳо тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, кам кардани талафот ва сарфаи онҳо барои наслҳои оянда имконпазир аст».
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин иброз доштанд, ки «Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад. Бо иқдоми ҷониби мо аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2003 то имрӯз Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) эълон гардидаанд.Бо ташаббуси навбатии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки татбиқи расмии он соли гузашта оғоз ёфт, бо иттифоқи оро қабул гардид.Татбиқи фарогири чораҳои амалӣ дар доираи Даҳсолаи нав барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат хоҳад кард. Дар ин робита, иштироки давлатҳои МҲТБО-ро дар татбиқи муштараки Даҳсолаи мазкур муҳим арзёбӣ менамоем».








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






