Саммити МҲТБО-ро дар Душанбе 650 нафар хабарнигорони хориҷӣ ва маҳаллӣ инъикос менамоянд

Июнь 15, 2019 10:19

ДУШАНБЕ, 15.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои инъикоси кори панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО)-ро, ки  дар «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, 650 нафар намояндагони ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ки дар қатори онҳо хабарнигорони АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, Ибодат ДАВЛАТЗОДА ва Тоҳир САИД (дар акси аввал, аз рост ба чап) низ мебошанд, номнавис шудаанд. Шарҳи мусаввари хабарнигорони мо дар ин бора.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар медиҳад, ҷараёни кори Саммити МҲТБО-ро ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, ИМА, Чин, Канада, Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Эрон, Камбоҷа, Туркия, Ҳиндустон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ветнам, Покистон, Бангладеш, Лубнон, Шри-Ланка, Қирғизистон, Россия, Ироқ, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра инъикос мекунанд.

«Кохи Наврӯз» макони  асосии баргузории Саммити МҲТБО буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он  Маркази матбуот ташкил карда шудааст.

Дар Маркази матбуот барои 450 нафар ҷойи нишаст мавҷуд буда, он бо 350  компютер, ки бо интернети баландсуръати ноқилӣ ва беноқил — вайфай (WIFI) пайваст гардидаанд, муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳамчунин Маркази матбуот бо таҷҳизоти зарурии техникӣ,  аз қабили факс, телефон, нусхабардор, қоғаз, маводи канселярӣ ва ғайра таъмин шудааст.

Ҷиҳати дастрасии хабарнигорон ба маводи Саммит дар Маркази матбуот ду монитори калон барои пахши мустақими рафти чорабинӣ ва овози асли ҷаласа, инчунин дастгоҳҳои шунидани тарҷумаи синхронӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва хитоӣ насб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи Саммит намояндагони ВАО-и хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе аз қабили боғҳои «Устод Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ғайраҳо дидан намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дирӯз, 14 июн сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчӣ — Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Амири Давлати Қатар  Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Данг Тхи Нгок Тхин, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов ва дигарон барои ишитрок дар кори Саммит ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар МҲТБО талош меварзад, ки ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзо дар самти таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор дар қитъаи Осиё ба сатҳи сифатан нав барояд. Бешак, панҷумин Саммити МҲТБО дар Душанбе барои баррасии мушкилоту чолишҳои мавҷудаи қитъа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо майдони муҳим ва муфид гардида, дар роҳи табдил додани Осиё ба қитъаи сулҳу субот ва рушди устувор саҳми худро мегузорад.

Июнь 15, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид