«Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон дар шароити таъсири омилҳои беруна». Дар ин мавзӯъ дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи сиёсии ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ ба баъзе аз кишварҳои шарики тиҷорати Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии кишвари мо бетаъсир намемонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин матлаб имрӯз зимни ҳамоише, ки дар Душанбе бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат бо ҳузури роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва шарикони рушд дар мавзӯи «Таъмини устувории макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар шароити таъсири омилҳои беруна» доир шуд, баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳадафи ҳамоиши мазкур баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ ва 300 рӯзи ислоҳот, инчунин ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи сифатнок ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва ҷилагирӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни муаррифиии нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ зикр кард, ки бо назардошти тағйирёбии вазъи иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба самтҳои муҳими иқтисодиёти милллӣ нақшаи чорабиниҳои мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Мақсади асосии он татбиқи сиёсати макроиқтисодӣ дар самтҳои буҷету андоз, пулию қарзӣ, тавозуни пардохт, бахши воқеӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ мебошад.
З.Завқизода ҳамзамон гуфт, ки дар давоми шаш моҳи татбиқи қарори мазкур дар мамлакат як зумра корҳо анҷом дода шуданд. Фаъолияти гурӯҳҳои кории зиддибӯҳронӣ дар назди муовини аввали Сарвазири мамлакат ва назди Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, таъсиси гурӯҳи доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷӣ, андешидани тадбирҳо дар самти кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ ва низоми молиявӣ, таъмини устувории фаъолияти корхонаю ширкатҳои азими мамлакат, назири «ТАЛКО», «Тоҷик Эйр», «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва нақшаи солимгардонии онҳо, устувор гардонидани низоми бонкӣ ва бонкҳои мушкилдор, кам кардани шумораи мақомоти санҷишӣ дар ҷумҳурӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба соҳаҳои қолинбофӣ, моҳипарварӣ, парандапарварӣ, сайёҳӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Зикр гардид, ки новобаста ба таъсири баъзе омилҳои беруна рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар соли гузашта 7,3 фоиз ва дар панҷ моҳи соли равон 7,2 фоизро ташкил дода, таваррум дар соли 2018 дар сатҳи 5 фоиз ва дар панҷ моҳи соли равон дар сатҳи 3,6 фоиз қарор дорад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳои марбут ба 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, нақши шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамзамон муайянсозии сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои татбиқи сифатноки Нақшаи зидибӯҳронӣ ва дигар масоили ба ин самт марбут баррасӣ гардида, иштирокорони ҳамоиш –роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва шарикони рушд дар мавзӯъҳои мавриди назар пешниҳодҳои судманд намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






