Вилояти Суғд имсол ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 40 тонна мева содирот кард

Июнь 21, 2019 09:16

ХУҶАНД, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз  мавсими ҷамъоварии ҳосили имсолаи  мева аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бозорҳои берун аз Тоҷикистон  беш аз 40 тонна меваҳои гуногун содирот гардидааст. Алҳол кормандони боғи мазкур  тибқи шартнома барои содироти  боз 20 тонна меваҳои хуштаъми Тоҷикистони офтобрӯя ба Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон омодагӣ доранд. 

Дар ин бора ба мухбири митақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода директори муассисаи мазкур Толибҷон Ҳасанов иттилоъ дод.

Т.Ҳасанов иброз дошт, ки  меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар бозорҳои мамолики гуногуни ҷаҳон талабгорони  зиёд доранд. Аз ин лиҳоз, ҳамасола аз қаламрави  мамлакат  ба нуқтаҳои савдои давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳаҷми содироти намудҳои гуногуни меваҳо рӯ ба афзоиш дорад.

«Дар ин замина, кормандони Боғи миллӣ  мекӯшанд, ки  дар ин самт корро  ҷоннок намуда, ба афзун намудани маҷмӯи маҳсулоти содиротӣ бештар ноил гарданд. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар Боғи миллии «Ваҳдат» ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, аз ҷумла, зардолу, себ ва олу ҷараён дошта, меваҳо асосан ба нуқтаҳои савдои давлатҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот  мегарданд», -афзуд номбурда.

Зикр гардид, ки агар соли гузашта ҳаҷми содирот 10-12 тоннаро ташкил дода бошад, пас дар нимсолаи аввали соли  равон  ин рақам  чор маротиба афзуда, то имрӯз аллакай беш аз 40 тонна мева, асосан  зардолу, олу ва себ содирот гардидааст.

Ҳамзамон илова гардид, ки Боғи миллии «Ваҳдат» дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 бунёд гардида, масоҳати умумии он  630 гектарро дар бар гирифта, дар 501 гектари он боғҳои гуногун бунёд гардидааст. Аз ҷумла, дар 353 гектар боғи зардолу, 47 гектар шафтолу, 37 гектар себ, 31 гектар бодом, 12 гектар олу, 2,78 гектар нок ва 4,43 гектар гелос буда, ҳосили боғоти муассиса ғайр аз бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ, инчунин ба хориҷи  мамлакат  бароварда мешаванд.

Июнь 21, 2019 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд