Зубайдулло Давлатов: «27 давлате, ки аъзои МҲТБО мебошанд, 90 фоизи Қитъаи Осиё ва қисми зиёди қаламрави дунёро дарбар гирифта, зиёда аз 4 миллиард аҳолӣ доранд»

Июнь 13, 2019 17:06

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар бораи мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолияти ин созмони бонуфузи минтақавӣ бо коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ суҳбат намуд:

АМИТ «Ховар»: 27 сол мешавад, ки  МҲТБО  ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва кишварҳои аъзои он  машғул аст. Самтҳои асосии фаъолияти ин Машварат   аз чӣ иборат аст?

Зубайдулло Давлатов: Аз ҳама ҳуҷҷати муҳими Машварат Декларатсияи принсипҳо ном дорад. Ҳуҷҷати дигари муаррификунандаи Машварат –ин санади Алмаато мебошад. Дар он самтҳои фаъолияти он муқаррар карда шудааст. Машварат дар панҷ самт, аз ҷумла ҳарбию сиёсӣ, инсонӣ ё башардӯстона,  беҳдошти муҳити зист, мубориза ба муқобили таҳдиду хатарҳои замони муосир ва ҳамкорӣ дар соҳаи ба вуҷуд овардани тадбирҳои боварӣ дар Қитъаи Осиё  фаъолият мебарад.

Дар самти ҳарбию сиёсӣ давлатҳои аъзо вазифадоранд, ки машқҳои якҷояи ҳарбӣ гузаронида, табодули таҷриба кунанд. Инчунин дар ҳолати размоишҳо ба ҳамдигар кумак кунанд. Дар самти инсонӣ ё башардӯстона, пеш аз ҳама, ба таъмини ҳуқуқҳои инсон ва озодии ӯ, аз ҷумла озодии виҷдон ва сухан таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Дар ҳақиқат, дар Қитъаи Осиё  масъалаи бемориҳои сирояткунанда, ифлосшавии обҳо, заҳролудшавии муҳити зисти атроф аз масъалаҳои хатарзо арзёбӣ гардида, флора ва фаунаи қитъаи мазкур  зери хатар қарор дорад. Бинобар ин беҳдошти муҳити зист низ аз масъалаҳои асосии Машварат  маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин мубориза ба муқобили таҳдиду хатарҳои замони муосир — терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромилӣ аз ҳадафҳои асосии Машварат мебошад. Таъкид кардан ба маврид аст, ки Машварат дар баробари панҷ самти асосӣ, инчунин дигар масъалаҳои муҳимро низ метавонад муҳокима мекунад.

АМИТ «Ховар»: Дар  бораи Қитъаи Осиё каме барои хонандагони сомонаи мо маълумот медодед.

Зубайдулло Давлатов: Қитъаи Осиё зиёда аз 50 давлатро дар бар мегирад. 27 давлате, ки аъзои Машварат ҳаст, 90 фоизи Қитъаи Осиё ва қисми зиёди қаламрави дунёро дар бар мегирад. Зиёда аз 4 миллиард аҳолӣ дорад, ки ин бисёр неруи бузург аст. Қитъаи   мазкур 3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти умумиҷаҳониро истеҳсол мекунад.

Дар Қитъаи Осиё давлатҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ калон,  давлатҳое, ки тараққиёти босуръати иқтисодиву иҷтимоиашон ҳатто давлатҳои пешқадами дунёро ба ҳайрат гузоштаанд, ҷойгир аст. Масалан, Сингапур, Филиппин, Тайланд, Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистон, ки аз давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ба шумор мераванд.

Агар аз ҷиҳати манфӣ бигирем, миёни кишварҳои Қитъаи Осиё хушунати байни Исроил ва Фаластин, Покистону Ҳиндустон, ҷангҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон низ дида мешавад, ки ин проблемаҳо муҳокима ва ҳали худро талаб менамоянд.    Саммити Душанбе барои ин давлатҳо шароити мусоидро барои баррасии ин масъалаҳо фароҳам меорад.

Имрӯз дар аксар кишварҳои Қитъаи Осиё ваҳдати миллӣ намерасад.     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллӣ таҷрибаи калон дорад.

Дар Қитъаи Осиё дин, мазҳаб, миллату халқият ва давлатҳои гуногун вуҷуд доранд, вале таҳдиду хатарҳо барои ҳама ягона аст. Дар мубориза бо ин ҷурмҳо давлатҳо дар алоҳидагӣ муваффақ шуда наметавонанд. Инчунин бо бурдани сиёсати духӯра низ дар ин самт ба муваффақият намерасанд. Бинобар ин мубориза бо таҳдиду хатарҳо бояд дастҷамъона сурат гирад.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи шумо чаро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон макони баргузории чунин як ҳамоиши сатҳи баланди минтақавӣ интихоб гардид?

Зубайдулло Давлатов: Дар Душанбе барпо шудани Саммити навбатӣ якчанд сабаб дорад. Сабаби аввал  он аст, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як давлати пешгом ва пешсафи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф шудааст.

Сабаби дуюм пазируфтани чор ташаббуси бузурги Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои экологӣ аз ҷониби СММ ва сеюм аз ҷониби 27 кишвари Қитъаи Осиё эътироф шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як давлати  амн ва тинҷу осоишта  мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон оромӣ  ҳукумфармо аст ва давлатҳои Қитъаи Осиё ба Тоҷикистон эътимод доранд.

АМИТ «Ховар»: Дар Саммити навбатӣ дар баробари масъалаҳои асосӣ боз кадом самтҳо баррасӣ мешаванд?

Зубайдулло Давлатов: Саммити Душанбе ба минтақаи амну  субот ва  ваҳдат табдил додани Қитъаи Осиё як қадаме ба пеш мегузорад. Ҳамгироии миллату давлатҳо, сулҳу ваҳдат, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти бехатар, ҳамаи ин дар оянда ба шукуфоии давлатҳои Қитъаи Осиё саҳми худро мегузорад. Мо шукуфоӣ гуфта рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва инноватсиониро дар назар дорем. Зеро асри 21 асри навгониҳои техникиву илмӣ аст. Дар ин аср  миллате муваффақ мешавад, ки дар ин ҷода пешравӣ дорад ва комёбиҳои илму техникаро дуруст истифода бурда метавонад.

Дар ҷаҳони муосир комёбиҳои илму техника ҳам дар хизмати миллату давлат ва ҳам дар хизмати террористону ифротгароён  қарор дорад. Яъне  аз комёбиҳои илму техника террористон ҳам истифода мебаранд. Барои ҳамин мо бояд дар якҷоягӣ роҳҳои маҳдуд кардани манбаъҳои маблағгузории ин ташкилотҳоро, манбаъҳое, ки   аз ҷиҳати фановарӣ, молиявӣ,техникӣ дастгирӣ мешаванд, ёфт намуда, онҳоро маҳдуд кунем.

Тоҷикистон ва миллати тоҷик бо баргузор намудани ин чорабинии сатҳи баланд ба тамоми дунё, ба созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, давлатҳову миллатҳо исбот карданӣ аст, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза ба муқобили ҳамаи таҳдиду хатарҳои глобалии замони имрӯз ҳаст.

Дар назар аст, ки дар Саммити навбатӣ дар баробари масъалаҳои асосӣ, инчунин доду гирифти давлатҳо, савдою тиҷорат, боҷу хироҷ, барпо кардани долонҳои нақлиётӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ низ баррасӣ шаванд. Як хусусияти хоси ин созмони минтақавӣ дар он аст, ки 27 давлати аъзо ба самтҳои гуногун вобаста карда шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон мутассадии кадом самт аст ?

Зубайдулло Давлатов:   Тоҷикистон мутассадии самти рушди сайёҳӣ аст. Дар як муддати кутоҳ ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати аз ҷиҳати сайёҳӣ босуръат  рушдкунанда эътироф карданд.  Дар нимсолаи аввали соли 2019 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ду баробар сайёҳон ё гардишгарон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки ин нишондод хеле хуб аст. Мавриди зикр аст, ки яке аз сабабҳои таваҷҷуҳ кардани сайёҳон ба ҷумҳурии  мо –ин тинҷию амният ва  оромие, ки дар Тоҷикистон аст, мебошад.

Ҷумҳурии Озарбойҷон мутассадии долонҳои нақлиётӣ, Туркия- бехатарӣ, Кореяи Ҷанубӣ -навовариҳои илмиву техникӣ, Россия тиҷоратӣ мебошанд. Яъне ҳамаи давлатҳо ба соҳае вобаста шудаанд. Аз ҷумла, Ҳиндустон, Покистону Исроил дар самти хоҷагии қишлоқ мутассадӣ аст, зеро онҳо дар ин соҳа  таҷрибаи калон доранд. Исроил, ки манбаъҳои обиаш хеле кам аст бо обёрии қатрагӣ нисфи ҷаҳонро бо кабудӣ ва сабзавот таъмин мекунад. Яъне Исроил дар ин самт таҷрибаи пешқадам дорад ва дар доираи ин Саммит метавонад таҷрибаашро ба дигар давлатҳо паҳн кунад.

АМИТ «Ховар»: Дар рӯзҳои баргузории Саммит сокинон ва шаҳрвандон чӣ масъулият доранд?

Зубайдулло Давлатов: Пеш аз ҳама, сокинон ва шаҳрвандон новобаста аз он ки намояндаи  кадом миллатанд, бояд ифтихор кунанд, ки дар Ватани мо чунин чорабинии сатҳи баланд доир мегардад. Ин Саммит аввал ин ки онҳоро муттаҳид месозад ва сипас масъул  мегардонад, ки дар нигоҳ доштани низоми осоиштагиву субот ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳову хиёбонҳои шаҳри Душанбе саҳмгузор бошанд. Онҳо бояд тартибу низом, қойидаҳои ҳаракати роҳу нақлиёт, сару либоси зебо, муомила ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятиро риоя намоянд.

Дар ин рӯзҳо мушкилоти ҳаракати нақлиёт ҳам ба миён меояд, бояд ронандагон қоидаҳоро танзим намоянд. Саммит танҳо ду рӯз аст, вале таъсири ин ду рӯз барои даҳсолаҳо, барои эътибору обрӯи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим аст.

Дар назар аст, ки ҷараёни кори ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро 650 нафар намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷ,  рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, телевизион ва бунгоҳҳои хабарӣ инъикос мекунанд, ки боиси муаррифии Тоҷикистон дар тамоми дунё мегардад. Интизор меравад, ки дар Саммити Душанбе намояндагони 75 кишвари ҷаҳон иштирок намоянд.

Инро мо бояд эътироф кунем. Шаҳрвандони Тоҷикистон аввал масъулият эҳсос кунанд ва дуюм ҳисси ифтихор аз ин давлату миллат дошта бошанд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2019 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин