Адиб-ҳаҷвнигори маъруфи Суғд Абдулҳамид Ҷӯраев ба синни 70 расид
ХУҶАНД, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Адиби ҳаҷвнигор ва рӯзноманигори шинохтаи вилояти Суғд Абдулҳамид Ҷӯраев ба синни мубораки 70 расид. Дирӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар зодгоҳи соҳибҷашн — Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров маҳфили эҷодии нависанда ороста шуд.
Дар ин рӯз саҳни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ҷамоат, ки дар он устод сабақ омӯхтааст, ҷойгоҳи аҳли адибону қаламкашон ва фаъолони ноҳияву ҷамоат гардид.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, зимни суханронии намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва вилояти Суғд, шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳамкасбони соҳибҷашн аз фаъолияти Абдулҳамид Ҷӯраев ёдовар гардида, аз хислатҳои неку ибратбахш ва кордониву саҳми ӯ дар рушди соҳаи радиожурналистика ҳарф заданд ва барояш сиҳатмандӣ ва саодату сарбаландӣ таманно намуданд.
Аз ҷумла, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр дошт, ки Абдулҳамид Ҷӯраев аз қаламкашони шинохтаи вилоят ба ҳисоб рафта, саҳми ӯ дар пешбурди соҳаи рӯзноманигорӣ, тарбияи ҷавонон низ назаррас аст.
Мавсуф зикр намуд, ки ӯро ҳамзамон ҳамчун нависандаи ҳаҷвнигори закитабъ мешиносанд ва ба табъ расидану манзури хонандагон шудани чандин асари ӯ, ба мисли «Шишаи ғелон», «Рашкибегим», «Ба ҳеҷ кас нагӯед!» ва китоби навбатии ӯ бо номи «Кор кунам ё накунам?» ки омодаи чоп аст, аз ин гувоҳӣ медиҳанд.
Абдулҳамид Ҷӯраев 1 июли соли 1949 дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров), дар идораи «Кинопрокат» ва сипас давоми беш аз 30 сол дар радиои вилоят то ба вазифаи сармуҳаррир фаъолият бурдааст.
Ҳамзамон ӯ дар инъикоси воқеъбинонаи ҷараёни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии ҶТ низ ба ҳайси хабарнигори радиоӣ саҳми арзанда дошта, барои фаъолияти густурдааш бо мукофотҳои гуногун, аз қабили нишонҳои «Аълочии матбуот» ва «Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






