ҲАМОИШ ДАР НОРАК: оид ба пешгирӣ, боздошти паҳншавии маводи нашъадор ва коҳиши оқибатҳои тиббию иҷтимоии он
НОРАК, 02.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар китобхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак бо иштироки намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроия ва фаъолону ҷавонон суҳбати «мизи мудаввар» доир гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Норак ва имомхатибону табибон оид ба вазъи имрӯзаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мафҳумҳои «нашъаманд» ва «нашъаҷаллоб», гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ, навъҳои маводи мухаддир, истеъмоли ин мавод аз нигоҳи дини мубини ислом маърӯза намуданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ҳарчанд шумораи гирифторони ин беморӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол коҳиш меёбад, аммо вазъи он ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Зеро барои он ки дар оянда тавонем ҷомеи пешрафта бунёд созем, ба мо насли солиму ояндасоз зарур аст.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» амал мекунад, ки дар заминаи татбиқи самараноки барнома чорабиниҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳадафи ниҳоии барнома пешгирӣ ва боздошти паҳншавии маводи фаъолкунанда, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникии сохторҳои наркологӣ мебошад.








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






