Ҷамолиддин Нуралиев: БМТ низоми идоракунии корпоративиро яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати ислоҳоти худ қарор додааст
ДУШАНБЕ, 26.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи низоми идоракунии корпоративиро дар соҳаи бонкӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати ислоҳоти худ қарор дода, барои тақвияти он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин самт шарикии институтҳои байналмилалӣ низ саҳм дорад. Ин нуктаро муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар ҳамоише, ки дар Душанбе бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, саҳомон, аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ доир гардид, иброз дошт. Ҳамоиш дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи Бонки ҷаҳонӣ «Оид ба тақвият ва баланд бардоштани фаъолияти бахши молиявӣ» ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ роҳандозӣ гардида, дар идоракунии самарабахши корпоративии низоми бонкии мамлакат мусоидат менамояд.
Ҷамолиддин Нуралиев зикр намуд, ки ба сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ дар ҳолати риояи принсипҳо ва стандартҳои идоракунии корпоративӣ, мониторинги доимии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ташаккули низоми самарбахши идоракунии хавфҳо ва назорату аудити дохилӣ ноил шудан имконпазир аст. Бонкҳое, ки низоми идоракунии корпоративиашон дуруст ба роҳ монда нашудааст, барои тамоми низоми молиявии мамлакат хавф эҷод мекунанд. Маҳз бинобар надоштани низоми мукаммали идоракунии корпоративӣ дар давраи буҳрони иқтисодии панҷ сол қабл бонкҳо натавонистанд ба шокҳои беруна муқовимат кунанд ва ба мушкилот гирифтор шуданд, ки имрӯз ба низом таъсири бевоситаи худро мерасонанд.
Ҷамолиддин Нуралиев ҳамзамон таъкид сохт, ки ҳадафи низоми идоракунии корпоративӣ ташаккул ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ буда, ба устуворӣ ва эътимоднокии фаъолияти минбаъдаи ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамояд. Зеро ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун миёнаравҳои молиявӣ бо ҷалби сармоя ва ба ин васила дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозанд.
Инчунин намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Петер Олтерс гуфт, ки «Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамбастагӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳимияти идоракунии корпоративӣ диққати махсус зоҳир намуда, оид ба мукаммал намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба идоракунии корпоративии ҷавобгӯ ба таҷрибаи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд».
Дар ҳамоиш мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ оид ба идоракунии корпоративӣ иштирокдоронро бо сохти идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон, афзалияти он дар ташкилотҳои қарзӣ, тафовути идоракунии корпоративӣ дар қиёс бо менеҷмент, нақши Шӯрои нозирон ва мақоми саҳомон, аз ҷумла ҳайат, уҳдадорӣ, шакли раванди идоракунӣ ва нақши ҳайати котиботи корпоративӣ дар рушди сазовори идорӣ дар ташкилотҳо шинос намуданд.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






