БА ТАҚСИМОТ РОҲ ЁФТЕД! Натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ дар соли 2019 эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 июл натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 эълон карда шуданд.
Тавре аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чун солҳои пешин маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, дар ин бора инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Бояд гуфт, ки дар паёмак ба ҳар довталаб рақами назоратӣ, холҳои бадастоварда ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб маълумот фиристода шуд.
Маркази миллии тестӣ ба маълумоти довталабон мерасонад, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва гузаштан ё нагузаштани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 3 август, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ва (ё) қисми Б ё АБ-9 соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок кардан дар тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ин қисм(ҳо)-ро талаб мекунанд, надоранд.
Аксҳо аз бойгонӣ.








Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд






