Бо иқдоми ширкати «Сомон Эйр» Маркази таълимии авиатсионӣ таъсис ёфт

Июль 18, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 18.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун Маркази таълимии авиатсионӣ (МТА) таъсис дод. МТА дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷойгир шуда, кушодашавии он аз рушди фаъоли интиқолдиҳанда ва ҳавасмандии ширкати ҳавопаймоӣ ба омодасозии ҳайати кормандон ва таъмини бехатарии парвозҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

«Маркази таълимии мазкур на танҳо барои ширкати ҳавопаймоии мо, дар умум барои авиатсияи тоҷик таъсис ёфтааст. Дарҳои мо барои кулли хоҳишмандон кушодаанд. Ифтихор аз он дорем, ки саҳми худро дар омода кардани кадрҳои касбӣ каме ҳам бошад мегузорем», — иброз дошт Директори генералӣ Томас В. Ҳаллам II.

Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои сертификати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои гузаронидани омӯзиш мебошад.

Маркази таълимии авиатсионӣ дар назди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» курсҳои гуногуни омодагии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати парвозии ҳавопаймо ва кормандони рӯизаминиро мегузаронад. Машғулиятҳо аз ҷониби омӯзгорони касбӣ, аз ҷумла дастурдиҳандагоне гузаронида мешаванд, ки таҷрибаи истифодаи ҳавопаймоҳои замонавиро дошта, дар марказҳои таълимии шуҳратманди ҷаҳон дарс омӯхтаанд. Маркази таълимии авиатсионии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳуқуқ дорад, ки ба омода кардани кормандони соҳаи авиатсия машғул шавад ва курсҳои такмили ихтисоси ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳои Boeing 737 Classic ва Boeing 737 Next Generation, ҳайати муҳандисию техникӣ, мутахассисони авиатсия, ки интиқолоти ҳавоӣ ва интиқоли борҳои хатарнокро тавассути нақлиёти ҳавоӣ амалӣ месозанд, дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва ҳайати сарнишинон, инчунин мутахассисон оид ба бехатарии авиатсиониро ташкил кунад.

Илова бар ин, МТА «Сомон Эйр» ҳуқуқ дорад вобаста ба омодагии ибтидоии дастурдиҳандагони ҳайати парвозӣ ва сарнишинони ҳавопаймоҳо, ҳамчунин омодагии рӯизаминии довталабон барои шомил шудан ба сафи сарҳавонавардони ҳавопаймо ва ҳайати парвозӣ машғулиятҳо гузаронад. МТА оид ба расмиёти садамавӣ-наҷотдиҳӣ, идора кардани захираҳои ҳайати парвозӣ, интиқоли борҳои хатарнок тавассути нақлиёти ҳавоӣ, ҳамчунин оид ба бехатарии авиатсионии мутахассисони соҳаи авиатсия курсҳои дахлдор манзур мекунад. Дар баробари машғулиятҳои назариявӣ ба курсҳои таълимӣ машғулиятҳои амалӣ низ дохил карда шудаанд, аз ҷумла машғулиятҳо оид ба тарки садамавии ҳавопаймо, хомӯш кардани сӯхтор дар дохили ҳавопаймо,  хизматрасонии мусофирон дар дохили ҳавопаймо, хизматрасонии бағоҷ, таъмини сӯзишворӣ ва ғайра.

Айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият иҷро мекунад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз соли 2017 узви IATA мебошад.

Июль 18, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад