Дар Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд

Июль 1, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 01.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Душанбе бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021  озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида  мешаванд. Озмунҳои мазкур солҳои 2019, 2020, 2021  гузаронида шуда, ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарори  мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 20 августи ҳар сол ҷамъбаст намудани  натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи  ин  қарор  Комиссияи шаҳрӣ муваззаф гардидааст, ки  натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри ҳар сол ҷамъбаст намояд.

Ҳамчунин  ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе  супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» — 12  ҳазор сомонӣ (барои ҷойи якум -6 ҳазор, ҷойи дуюм- 4 ҳазор ва ҷойи сеюм 2 ҳазор сомонӣ)  ва «Кӯчаи беҳтарин» -12   ҳазор  сомонӣ ( барои ҷойи якум 6 ҳазор, ҷойи дуюм- 4 ҳазор ва ҷойи сеюм 2 ҳазор сомонӣ) дар соли 2019 ҷудо намуда, солҳои 2020 ва 2021 маблағҳои заруриро таъмин намояд.

«Ин озмунҳо бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардидан ва рушд ёфтани  шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд. Баргузории озмунҳои зикргардида  барои дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ таҷлил намудани  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам меоранд»,-афзуд манбаъ.

Июль 1, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад