Донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни «Enactus Word Cup» ба Америка мераванд
ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни «Enactus Word Cup», ки моҳи сентябри соли равон дар иёлати Калифорнияи ИМА баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Дар ин бора муовини Ректор оид ба таълим ва идораи сифати Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Маҳмуд Тошматов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, як гурӯҳ донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ дар давраи ниҳоии озмуни лоиҳаҳои соҳибкории доншҷӯёни Тоҷикистон ширкат варзида, аз рӯи се лоиҳа ғолиб ва соҳиби роҳхат гардиданд.
Мавзуф иброз дошт, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барномаи махсуси рушди донишгоҳро то соли 2030 ба тасвиб расонидааст, ки тибқи он шумораи мутахассисони навовар зиёд мегардад.
«Соли 2019 раванди таълимро 289 нафар омӯзгорон, ки аз онҳо 121 нафарашон дорои дараҷаи номзад ва доктори илм мебошанд, таъмин намуданд»,- баён дошт Маҳмуд Тошматов.








Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд






