ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Онҳо чун дигар шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқҳои худро доранд
ДУШАНБЕ, 08.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонкуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз, 8 июл, дар қаламрави мамлакат Рӯзи маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз баҳри дастгирӣ ва зиёд намудани ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳарчи беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.
Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА дар ин мавзуъ.
Ҳукумати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба ин табақаи осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва чандин санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои байналмилалӣ қабул шудаанд, ки ба танзими фаъолияти ин қишри ҷомеа равона гардидаанд.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар ҷомеаи имрӯза бисёр шахсони имконияташон маҳдуде ҳастанд, ки новобаста ба нуқсонҳои худ дар ҷамъият ҳамчун шахсони пешқадаму фаъол шинохта шудаанд. Имрӯзҳо бештари онҳо ҳамчун варзишгар, рассом, сарояндаю ҳунарманд дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Ғайрат Тухтасунов, ки феълан роҳбарии клуби баскетболи маъюбони шаҳри Душанберо ба уҳда дорад, дар суҳбат иброз намуд, ки аъзои клуби мазкур маъюбони гурӯҳи 1 ва 2-юм мебошанд. Ба таъкиди ӯ, имрӯз дар мамлакат ба рушди варзиши маъюбон эътибори махсус дода мешавад. Варзишгарон низ дар мусобиқаҳои байналмилаливу олимпӣ иштирок намуда, мекӯшанд шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳифз кунанд.
Инчунин як бонуи зебои ҳунарманд ва тарроҳ Нигина Икромова ба маъюбии худ нигоҳ накарда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Нигина Икромова аввалин тарроҳе мебошад, ки дар саҳнаи Тоҷикистон коллексияи либосҳои худро дар тани моделҳо-духтарони маъюб муаррифӣ кардааст.
Ӯ мегӯяд, ки «ман борҳо дар телевизиону шабакаҳои интернетӣ дида будам, ки дар хориҷи кишвар духтароне, ки маъюбанд, дар тан либосҳои тарроҳонро пӯшида, ба намоиш мебароянд. Аз ҳамон замон ман ҳам паи амалӣ намудани ин идея шудам ва дар ин роҳ кӯшиши зиёд ба харҷ додам».
Нигина муддати 8 сол мешавад, ки ҳамчун тарроҳ фаъолият мекунад ва орзуи онро дорад, ки коллексияи либосҳои худро зиёд карда, онро дар ҷашнвораву лозмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар хориҷи кишвар ба намоиш гузорад.
Нигина Икромова аз дастгирию кумакҳое, ки аз тарафи давлату ҳукумат ва бахусус, ғамхорию таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба шахсони имконияташон маҳдуд расонида мешаванд, изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Бояд зикр намуд, ки 5 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон намоиши мӯди Нигина Икромова баргузор гардид. Барномаи мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи Пешбурди батасвибрасонии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Фонди Абилиси Финляндия гузаронида шуд.
Воқеан ҳам маъюбон низ чун дигар шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқҳои худро доранд. Ин ҳуқуқҳои онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дарҷ гардидааст. Тибқи қонунгузории мамлакат, маъюбон ҳуқуқ ба таҳсил, кор ва дигар фаъолиятҳоро доранд, ки ба беҳбуди рӯзгори онҳо равона шудааст.
Роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон (ИММТ) Асадулло Зикрихудоев иброз дошт, ки имрӯзҳо шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд. Ба иттилои номбурда, Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.
Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки Иттиҳодия дар 35 шаҳру ноҳияи кишвар намояндагиҳои худро дорад. Мақсади ташкилот- ин намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон ва ташкилотҳои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни фаъолияти худ ташкилот бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятие, ки ҳудуди Тоҷикистон фаъолият амал мекунанд, ҳамкории зич намуда, дар таҳияи лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ, ки ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон алоқаманданд, бевосита ширкат меварзад.
Тибқи омори расмии Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, феълан дар мамлакат 148 ҳазору 650 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 28 ҳазору 187 нафарашон кӯдакони маъюби то 18- сола мебошанд.
Бояд иброз намуд, ки моҳи марти соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

ДАР АКС: Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми имзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон. Ню-Йорк, с. 2018.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 беш аз 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии Конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.










ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд






