МАНОТИҚИ ДУРДАСТ: аз саргаҳи мавзеи Паҳндара ба деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб об оварда мешавад
ХОРУҒ, 16.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамдастӣ бо Ширкати барқии «Помир энерҷӣ» бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони деҳаи дурдасти Булункӯли Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб, ки асосан ба чорводорӣ машғуланд, лоиҳаеро роҳандозӣ намудаанд.
Мутобиқи лоиҳаи мазкур, соли равон 50 гектар чарогоҳҳои ин водӣ обёрӣ карда мешаванд. Дар ин водӣ садҳо гектар замини тахту ҳамвор вуҷуд дорад, ки бо сабаби норасоии об пас аз як моҳи фасли тобистон марғзорони он ба дашти хушку пурғубор табдил меёбанд. Чорводорон маҷбур мешаванд чорвои худро ба рӯдхонаи кӯҳӣ, ки аз сатҳи баҳр дар баландии беш аз се ҳазор метр ҷойгир буда, атрофи он замини пур аз алаф аст, кӯч диҳанд. Аммо аз соли оянда сокинони деҳа чорвои худро назди рӯдхонаи кӯҳӣ набурда, оби дарёро тавассути канал ба деҳа интиқол медиҳанд.
Як тан аз масъулини сохтмони канали мазкур Лутфӣ Саидтарабов гуфт, ки «чанд даҳсола пеш сокинони ин водӣ бо истифода аз ҷӯйборҳо марғзоронро обёрӣ менамуданд. Аммо ҳоло бар асари гармшавии иқлим оби ҷӯйборҳо хушк шуда, саршумори чорво низ коҳиш ёфтааст. Акнун дар масофаи 5 километр канал сохта шуда, оби он ба ҷӯйбор расонида мешавад. Дар натиҷа 50 гектар замин бо об таъмин шуда, саршумори чорво ҳам рӯ ба афзоиш мениҳад».
Сокинони водии Булункӯл акнун имконият пайдо мекунанд, ки масоҳати кишти сабзавотро низ васеъ намоянд. Соли гузашта олимони Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин водӣ чанд намуди тухми картошкаро ба таври таҷриба кишт карданд. Баъди ба деҳа омадани об олимон ба сокинони водӣ тавсия хоҳанд дод, ки бояд кадом намуди тухмиҳоро истифода баранд.








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






