Носир Раҳмон, директори МД «Тоҷикфилм»: «Дар ҷумҳурӣ рӯзҳои кинои Россия, Германия, Франсия ва Туркия баргузор мегарданд»

Июль 24, 2019 15:26

 ДУШАНБЕ, 24.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Ояндаи  наздик дар ҷумҳурӣ рӯзҳои кинои Россия, Германия, Франсия ва Туркия баргузор мегарданд.  Ин матлабро  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир Раҳмон ба хабарнигорон изҳор намуд. 

Н.Раҳмон зикр намуд, ки  дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои Россия, Германия, Франсия ва Туркия оид ба баргузор намудани рӯзҳои кинои ин мамлакатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд ва моҳҳои наздик барномаҳои мазкур баргузор карда мешаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти байналмилалии муассиса самаранок буда, дар ин давра, хушбахтона, меморандуми ҳамкорӣ бо Агентии миллии «Ӯзбеккино» ва моҳи июни соли равон созишномаи ҳамкорӣ бо кинематографистони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид. Дар доираи тадбиқи ин созишномаҳо ҳамкориву равобити манфиатноки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Агентии миллии «Ӯзбеккино» ва Раёсати давлатии кинематографияи Ҷумҳурии мардумии Чин таҳкиму густариш меёбанд.

Зикр гардид, ки бозомӯзии такмили ихтисос барои кормандони муассиса дар ҳамкориву равобит бо киноконсерни «Мосфилм» дар арафаи татбиқ қарор дошта, муколамаву суҳбатҳо дар ин маврид идома доранд.

Инчунин дар нишаст зикр карда шуд, ки дар доираи тадбиқи «Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» заминаи моддиву техникии муассиса боз ҳам такмил ёфта, таҷҳизоту воситаҳои  муосири наворбардорию филмофарӣ таъмин гардиданд.

«Дар доираи барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири кинотеатрҳо  маблағгузорӣ карда истодааст. Ҳамчунин мо бо соҳибкорон ҳамкорӣ дорем ва бо дастгирии онҳо айни ҳол  кинотеатри  ноҳияи Восеъро   таъмир карда истодаем»,- иброз дошт Носир Раҳмон.

 

Июль 24, 2019 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт