НУР ДАР КӮҲСОР. 8 деҳаи Ҷамоати деҳоти Ромит бо барқи доимӣ таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Қоқӯ, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазори Ҷамоати деҳоти Ромит бо барқи доимӣ таъмин мешаванд. Бо барқ таъмин шудани ин деҳаҳо дар доираи лоиҳаи «Барқтаъминкунии Ҷамоати деҳоти Ромит» амалӣ мегардад.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки лоиҳаи мазкур аз сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/20/10 кВ (бо насби як адад трансформатори 10 Мегаволт — ампер), сохтмони тахминан 500 м хати интиқоли барқи 40 кВ, 47 км хати интиқоли барқи 20-киловолта, 15 км хати интиқоли барқи 0,4- киловолта дар ҳамаи деҳаҳо, насби 9 адад трансформатори 20/0,4- киловолта ва насби низоми ҳисоби неруи барқ иборат мебошад.
13 июли соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат маросими ифтитоҳи лоиҳаи «Барқтаъминкунии Ҷамоати деҳоти Ромит» бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори дафтари минтақавии Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва Раиси шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба шаҳри Ваҳдат 4 июни соли 2016 баён доштанд, роҳандозӣ гардидааст.
Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкории дӯстона байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тавассути Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар заминаи Протоколи музокирот байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз 14 феврали соли 2018 ба роҳ монда шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъ, бо мақсади татбиқи лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тавассути Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) 6 000 000 доллари ИМА ба сифати грант пешниҳод гардидааст. Хизматрасонии мушовирӣ дар доираи лоиҳа ба зиммаи яке аз ширкатҳои бонуфузи Корея – Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) ва иҷрои корҳои сохтмонии он ба зиммаи ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» вогузор гардидааст.








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






