Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ: «Воридоти гӯшти мурғ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кам карда шуд»

Июль 18, 2019 17:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019  воридоти гӯшти мурғ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  кам шуда, дар 6 моҳ 15 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба зикри номбурда, сабаби кам ворид шудани гӯшти мурғ  шаҳодати он аст, ки дар ҷумҳурӣ фабрикаҳои мурғпарварӣ зиёд гардида, маҳсулоти истеҳсолнамудаашон  босифат  ва ба талаботи имрӯза  ҷавобгӯй мебошад. Яке аз ин корхонаҳо ҶДММ «Беҳамто»-и Ёвон мебошад, ки то имрӯз зиёда аз ҳазор тонна маҳсулоти гӯшти мурғ истеҳсол карда, ба бозори мамлакат баровардааст. Корхонаи «Арча»-и Муъминобод низ имрӯз фаъол буда, беш аз 300 тонна гӯшт истеҳсол намудааст.

Ҳамчунин Фарҳод Камолзода  дар мавриди сифати  гӯшти мурғи воридшаванда иброз дошт, ки  ҳоло  гӯшти мурғ бештар аз Амрико ворид мешавад. Нархаш  низ нисбатан арзонтар аст. Шурӯъ  аз моҳи майи соли равон воридоти ин навъ маҳсулот кам карда шуд  ва шояд нархаш низ боло равад.

«Имсол нисбат ба соли гузашта гӯшти лаҳми  мурғ зиёдтар шудааст, зеро ҳоло талабот  ба он бештар аст.  Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз 1 январи соли 2018 сар карда,  ҳар як килограмм гӯште, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз тарафи мутахассисон дар ташхисгоҳ санҷида мешавад. Дар сурати ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй будан  сипас ба  он иҷозати воридот дода мешавад»,- гуфт Фарҳод Камолзода.

Ёдовар мешавем, ки соли 2017 ба ҷумҳурӣ 51 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид шуда, соли 2018 он ба 28 ҳазор тонна расонида шуд.

Июль 18, 2019 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд