ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июл, панҷшанбе, 199-умин рӯзи соли 2019 аст
18 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Россияро муҳокима намуданд.
***
7 сол пеш, 18 июли соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карданд. Сарвари давлат бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.
18 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандел.
***
Дар Испания- Рӯзи меҳнат.
***
Дар Россия- Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ.
***
Дар Уругвай – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
18 июли соли 1997 Конференсияи таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.
***
18 июли соли 1916 иттифоқҳои касабаи Англия ба мувофиқа расиданд, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ таҷлил намудани ҷашнҳо манъ карда шавад.
***
96 сол муқаддам, 18 июли соли 1923 мувофиқи қонуни модаршоҳӣ ба занони британиягӣ ҳангоми ҷудошавии оилаҳо ҳуқуқи бо мардон баробар дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1948 дар Коста-Рика фаъолияти Ҳизби коммунистӣ қатъ карда шуд.
***
18 июли соли 1985 аввалин «Тетрис» сохта шуд. Он яке аз бозиҳои машҳури компютерӣ мебошад, ки аз ҷониби барномасози рус Алексей Пажитнов сохта шудааст.
***
69 сол муқаддам, 18 июли соли 1950 Англия содироти нафтро ба Чин манъ кард.
***
18 июли соли 1968 ширкати «Intel» таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1872 дар Британияи Кабир аввалин маротиба дар интихобот овоздиҳии пинҳонӣ ба қайд гирифта шуд.
***
Соли 1931 дар Америка аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштие, ки дар он ҳавополо (кондиционер) насб гардида буд, ба ҳаракат даромад.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад









Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






