ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июл, якшанбе, 209-умин рӯзи соли 2019 аст

Июль 28, 2019 08:00

28 июли соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлати ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ гардиданд.

***

4 сол пеш, 28 июли соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва шиносоии бевосита аз иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат кардан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаким Мирсайзод ва докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ» ба табъ расид.

28 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.

***

Дар Перу – Рӯзи Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

28 июли соли 2011  дар варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода  бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.

***

Як сол пеш, 28 июли соли 2018  Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз танаффузи зиёд тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» дар самти Душанбе – Самарқанд нахустин парвозро анҷом дод.

***

28 июли соли 1868 Конститутсияи ИМА бори 14-ум бо тағйиру иловаҳо қабул гардид. Тибқи тағйироти воридгардидаи ҳамон сол, ҳар нафаре, ки дар ҳудуди ин кишвар таваллуд мешавад, ба ӯ шаҳрвандии ИМА дода мешуд.

***

91 сол муқаддам, 28 июли соли 1928 дар Амстердам бозиҳои IX тобистонаи олимпӣ оғоз гардиданд (12 август ба анҷом расиданд).

***

28 июли соли 1992  дар Афғонистон дар телевизион баромад кардани занон манъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

 Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

 

Июль 28, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш