ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, сешанбе, 211-умин рӯзи соли 2019 аст

Июль 30, 2019 08:00

30 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.

***

6 сол пеш, 30 июли соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

30 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо харидуфурӯши одамон.

***

Дар Вануату – Рӯзи Истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

30 июли соли 2009 баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳои президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баёнияи муштарак оид ба ҳамкории сеҷониба ба имзо расид.

***

 30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ карда шуд.

***

6 сол пеш, 30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Америка, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

***

30 июли соли 2015 дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ ба истифода дода шуд.

***

109 сол муқаддам, 30 июли соли 1900 дар Британия меҳнати кӯдакон манъ карда шуд.

***

30 июли соли 1921 Ҳизби коммунистии Африқои Ҷанубӣ таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад.

 

 

Июль 30, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш