Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масъалаҳои Афғонистон мулоқот намуд

Июль 4, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 июли соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи махсуси Президенти Россия оид ба масъалаҳои Афғонистон, Сардори Департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Замир Кобуловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи машваратии байнивазоратӣ дар масоили ҳамкории муштарак дар самти Афғонистон ба мамлакати мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкорӣ дар шакли дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Июль 4, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд